НАВШУДА: Эрон ба Исроил ҳамла кард. Исроил ҳам ба чанд шаҳри Эрон зарба зад
Шаби гузашта, чанд соат пас аз ҳамлаи Артиши Исроил ба ҷануби Бейрут, пойтахти Лубнон, Артиши Эрон шимоли Исроил бо чанд мушак ҳамла кард. Хабаргузориҳои Эрон аз ду мавҷи партоби мушакҳои ин кишвар ба сӯйи Исроил гузориш додаанд. Артиши Исроил чанд соат пас аз ҳамла иддао кард, мушакҳоро раҳгирӣ кардааст. Дар ин миён Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз Эрон хост «сари мизи музокира баргардад» ва ваъда дод, аз нахуствазири Исроил мехоҳад, ба ин ҳамла посух надиҳад.
Дар бораи ҳамла ба Исроил Қароргоҳи марказии Хотамуланбиёи Эрон, ки мудирияти ҷанг дар ин кишваро ба дӯш дорад, хабар дода, гуфт, ки он посух ба «ҳамлаҳои Исроил ба ҷануби Лубнон» аст.
Чанд соат пеш аз ҳамла ин ниҳод ба Исроил ҳушдор дода буд, ки «агар ҷиноят дар канори шаҳри Бейрут густариш ёбад, мо ба ҳадафҳо дар қаламравҳои ишғолшуда (Исроил) ҳамла хоҳем кард».
Артиши Исроил рӯзи гузашта бар хилофи қарори оташбас ба минтақаи Зоҳияи Бейрут, ки маҳалли асосии истиқрори нерӯҳо «Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон аст, ҳамла кард.
Дар баёнияи Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё омадааст, ки Исроил «бо нақзи батакрори оташбас» ва бо чароғи сабзу ҳимояти Амрико, ҳамчунин, сукути ҷомеаи байналмилалӣ ҳамлаҳои худ ба Лубнонро афзоиш дода, «бо истифода аз силоҳҳои манъшуда, аз ҷумла, бомбҳои фосфорӣ, муртақиби ҷинояти ҷангӣ шудааст».
Пас аз партофти мушак сухангӯи қароргоҳи мазкур бори дигар гуфт, ки Артиши Исроил бояд ҳамлаҳои худро ба ҷануби Лубнон ва канори шаҳри Бейрут қатъ кунад ва «агар ҳамлаҳои худро ба он минтақа густариш диҳад ё ба амалҳои Эрон посух диҳад, бо зарбаҳои бештари харобиовар рӯбарӯ хоҳад шуд».
Иброҳим Зулфиқорӣ, сухангӯи Қароргоҳи Ҳотамуланбиё, намогирифт
Артиши Исроил шиллики мушак аз Эрон ба қалавравашро тасдиқ кард. Расонаҳои исроилӣ хабар доданд, ки дар шимоли ин кишвар бонги хатар зада шуда, мақомот аз сокинон хостаанд, ки ба паноҳгоҳҳо раванд.
Ба гузориши расонаҳои Исроил, Артиши ин кишвар муддаӣ шудааст, ки мушакҳое, ки имшаб Эрон партоб карда буд, «раҳгирӣ шуданд, ё дар мавзеъҳои боз бархӯрданд».
Ба иттилои рӯзномаи исроилии «The Times of Israel», аз Эрон ба Исроил ҳудуди 10 мушаки баллистикӣ партоб шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин ҳамла талафоти ҷонӣ гузориш нашудааст, танҳо «як зан ҳангоми рафтан ба паноҳгоҳ аз сараш осеб дидааст ва таҳти табобат қарор дорад».
Эял Замин, сардори ситоди Артиши Исроил гуфт, ки ба маҳзи гирифтани фармон нерӯҳояш Эронро «бо шиддат» ҳадаф қарор хоҳанд дод. Ба гузориши рӯзномаи исроилии «The Times of Israel», нерӯҳои мусаллаҳи Исроил барои посух ба ҳамлаи мушакии Эрон омодагӣ мебинанд, аммо мунтазири тасдиқи сатҳи сиёсӣ ҳастанд.
Эффи Дифферин, сухангӯи Артиши Исроил ҳам гуфт, ки Эрон бо ҳамла ба ин кишвар, «иштибоҳи бузург"-е кардааст.
Дар ин миён, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пас аз партоби мушакҳои Эрон ба Исроил, аз Теҳрон хост, ки ба мизи музокира бозгардад.
Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи «Fox News"-и Амрико дар хитоб ба Эрон гуфт, ки «шумо мушакҳои худро шиллик кардед. Дигар бас аст. Ба сари мизи музокирот баргардед ва созиш кунед».
Баъдтар Барак Равид, хабарнигори «Axios» гуфт, Трамп дар суҳбат бо ӯ изҳор дошт, ки «ман ҳоло ба Бибӣ (Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил) занг мезанам ва ба ӯ мегӯям, ки интиқом нагирад. Ҳарду ҷониб кори худро карданд. Исроил ҳамлаи худро анҷом дод ва Эрон ҳам ҳамлаи худро анҷом дод. Ба ҳамлаи дигаре ниёз нест».
Ба гуфтаи манбаъ, Трамп афзудааст, ки «мо ба як созиши ниҳоӣ бо Эрон хеле наздик ҳастем. Ин тавофуқи хуб хоҳад буд. Намехоҳам ба хотири иттифоқҳое, ки дар ҳоли рух додан ҳастанд, ин фурсат аз байн равад».
«Ҳамлаҳои Эрон ба касе зарар нарасонд. Умедворам, ки Исроил посух намедиҳад. Агар Бибӣ ҷавоб диҳад, ин моҷаро ҳамон тавре, ки дар 47 соли охир ё ҳатто 3000 соли гузашта ҷараён дошт, идома хоҳад ёфт», — илова кардааст раисҷумҳури Амрико.
Ба навиштаи расонаҳои Эрон, дар пайи зарбаи мушакии Эрон ба Исроил ба Аббос Ароқчӣ, вазири корҳори хориҷии Эрон Иветт Купер, вазири корҳои хориҷии Бритониёи Кабир, Ҳоқон Фидон, вазири корҳои хориҷии Туркия, Бадр Абдулотӣ, вазири корҳои хориҷии Миср, Жан-Ноэл Барроу, вазири корҳои хориҷии Фаронса, Шайх Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ, вазири корҳои хориҷии Қатар ва маршал Осим Мунир, фармондеҳи Артиши Покистон занг зада, ба хештандорӣ даъват кардаанд.
Посухи ИсроилПас аз чанд соати ҳамлаи Эрон ва сарфи назар аз изҳороти Доналд Трамп, Исроил ба чанд шаҳри Эрон ҳамла кард.

Аксе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда ва гуфта мешавад, марбут ба дуди ҳамлаи Исроил ба Наҷафободи Исфаҳон аст
Субҳи имрӯз Артиши Исроил эълон кард, ки нерӯҳои ҳавоии ин кишвар «ҳадафҳои низомие» дар марказ ва ғарби Эронро ҳадаф қарор додаанд. Ин ниҳод ҷузъиёти бештар надодааст.
Сипоҳи посдорони Эрон иттилоъ дод, ки Исроил «бо истифода аз мушаки ҳавопартоб» ба ҳадафҳое дар хоки Эрон ҳамла кардааст.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои дохилии Эрон аз шунида шудани садои таркиш дар чандин шаҳри ин кишвар, аз ҷумла, Теҳрон, Исфаҳон ва Табрез гузориш додаанд.
Иттилои дигаре аз талафоту хисороти эҳтимолии ҳамлаи Исроил нашр нашудааст. Танҳо мақомоти расмии Исфаҳон гуфтаанд, ки як нуқтае дар шаҳри Наҷафободи ин вилоят ҳадаф қарор гирифта ва талафоти ҷоние дар пай надоштааст.
Дар пайи ҳамла ба Эрон, Артиши Исроил гуфт, ки аз Яман низ ба сӯяш ҳамла шудааст. Ин ниҳод аз партоби ҳадди ақал як мушак гузориш додааст.
Дар пай ин, дар чанд шаҳр дар Исроил, аз ҷумла, Телавив ва Байтулмуқаддас бонги хатар ба садо даромада, сокинон ба паноҳгоҳҳо рафтаанд ва падофанди ҳавоии Исроил фаъол шудааст.

Фаъолияти падофанди Исроил ҳангоми ҳамлаи мушакии дишабаи Эрон ба ин кишвар, Flash90
Ба навиштаи расонаҳо, мақомоти Исроил баъдан иттилоъ додаанд, ки «пас аз анҷоми арзёбии вазъият» исроилиҳо метавонанд аз паноҳгоҳҳо берун шаванд.
То кунун дар мавриди сарнавишти мушаки партобшуда аз Яман ба Исроил ва маҳалли эҳтимолии бархурд ё хисороту талафоти он иттилоъе нашр нашудааст.
Бояд гуфт, «Ҳусиҳо"-и Яман қаблан дар ҳамбастагӣ бо Эрон, Фаластин ва Лубнон ба Исроил бо мушак ҳамла карда буданд.
Сарчашма: asiaplus.news
Дар бораи ҳамла ба Исроил Қароргоҳи марказии Хотамуланбиёи Эрон, ки мудирияти ҷанг дар ин кишваро ба дӯш дорад, хабар дода, гуфт, ки он посух ба «ҳамлаҳои Исроил ба ҷануби Лубнон» аст.
Чанд соат пеш аз ҳамла ин ниҳод ба Исроил ҳушдор дода буд, ки «агар ҷиноят дар канори шаҳри Бейрут густариш ёбад, мо ба ҳадафҳо дар қаламравҳои ишғолшуда (Исроил) ҳамла хоҳем кард».
Артиши Исроил рӯзи гузашта бар хилофи қарори оташбас ба минтақаи Зоҳияи Бейрут, ки маҳалли асосии истиқрори нерӯҳо «Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон аст, ҳамла кард.
Дар баёнияи Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё омадааст, ки Исроил «бо нақзи батакрори оташбас» ва бо чароғи сабзу ҳимояти Амрико, ҳамчунин, сукути ҷомеаи байналмилалӣ ҳамлаҳои худ ба Лубнонро афзоиш дода, «бо истифода аз силоҳҳои манъшуда, аз ҷумла, бомбҳои фосфорӣ, муртақиби ҷинояти ҷангӣ шудааст».
Пас аз партофти мушак сухангӯи қароргоҳи мазкур бори дигар гуфт, ки Артиши Исроил бояд ҳамлаҳои худро ба ҷануби Лубнон ва канори шаҳри Бейрут қатъ кунад ва «агар ҳамлаҳои худро ба он минтақа густариш диҳад ё ба амалҳои Эрон посух диҳад, бо зарбаҳои бештари харобиовар рӯбарӯ хоҳад шуд».
Иброҳим Зулфиқорӣ, сухангӯи Қароргоҳи Ҳотамуланбиё, намогирифтАртиши Исроил шиллики мушак аз Эрон ба қалавравашро тасдиқ кард. Расонаҳои исроилӣ хабар доданд, ки дар шимоли ин кишвар бонги хатар зада шуда, мақомот аз сокинон хостаанд, ки ба паноҳгоҳҳо раванд.
Ба гузориши расонаҳои Исроил, Артиши ин кишвар муддаӣ шудааст, ки мушакҳое, ки имшаб Эрон партоб карда буд, «раҳгирӣ шуданд, ё дар мавзеъҳои боз бархӯрданд».
Ба иттилои рӯзномаи исроилии «The Times of Israel», аз Эрон ба Исроил ҳудуди 10 мушаки баллистикӣ партоб шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин ҳамла талафоти ҷонӣ гузориш нашудааст, танҳо «як зан ҳангоми рафтан ба паноҳгоҳ аз сараш осеб дидааст ва таҳти табобат қарор дорад».
Эял Замин, сардори ситоди Артиши Исроил гуфт, ки ба маҳзи гирифтани фармон нерӯҳояш Эронро «бо шиддат» ҳадаф қарор хоҳанд дод. Ба гузориши рӯзномаи исроилии «The Times of Israel», нерӯҳои мусаллаҳи Исроил барои посух ба ҳамлаи мушакии Эрон омодагӣ мебинанд, аммо мунтазири тасдиқи сатҳи сиёсӣ ҳастанд.
Эффи Дифферин, сухангӯи Артиши Исроил ҳам гуфт, ки Эрон бо ҳамла ба ин кишвар, «иштибоҳи бузург"-е кардааст.
Дар ин миён, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пас аз партоби мушакҳои Эрон ба Исроил, аз Теҳрон хост, ки ба мизи музокира бозгардад.
Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи «Fox News"-и Амрико дар хитоб ба Эрон гуфт, ки «шумо мушакҳои худро шиллик кардед. Дигар бас аст. Ба сари мизи музокирот баргардед ва созиш кунед».
Баъдтар Барак Равид, хабарнигори «Axios» гуфт, Трамп дар суҳбат бо ӯ изҳор дошт, ки «ман ҳоло ба Бибӣ (Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил) занг мезанам ва ба ӯ мегӯям, ки интиқом нагирад. Ҳарду ҷониб кори худро карданд. Исроил ҳамлаи худро анҷом дод ва Эрон ҳам ҳамлаи худро анҷом дод. Ба ҳамлаи дигаре ниёз нест».
Ба гуфтаи манбаъ, Трамп афзудааст, ки «мо ба як созиши ниҳоӣ бо Эрон хеле наздик ҳастем. Ин тавофуқи хуб хоҳад буд. Намехоҳам ба хотири иттифоқҳое, ки дар ҳоли рух додан ҳастанд, ин фурсат аз байн равад».
«Ҳамлаҳои Эрон ба касе зарар нарасонд. Умедворам, ки Исроил посух намедиҳад. Агар Бибӣ ҷавоб диҳад, ин моҷаро ҳамон тавре, ки дар 47 соли охир ё ҳатто 3000 соли гузашта ҷараён дошт, идома хоҳад ёфт», — илова кардааст раисҷумҳури Амрико.
Ба навиштаи расонаҳои Эрон, дар пайи зарбаи мушакии Эрон ба Исроил ба Аббос Ароқчӣ, вазири корҳори хориҷии Эрон Иветт Купер, вазири корҳои хориҷии Бритониёи Кабир, Ҳоқон Фидон, вазири корҳои хориҷии Туркия, Бадр Абдулотӣ, вазири корҳои хориҷии Миср, Жан-Ноэл Барроу, вазири корҳои хориҷии Фаронса, Шайх Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ, вазири корҳои хориҷии Қатар ва маршал Осим Мунир, фармондеҳи Артиши Покистон занг зада, ба хештандорӣ даъват кардаанд.
Посухи ИсроилПас аз чанд соати ҳамлаи Эрон ва сарфи назар аз изҳороти Доналд Трамп, Исроил ба чанд шаҳри Эрон ҳамла кард.

Аксе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда ва гуфта мешавад, марбут ба дуди ҳамлаи Исроил ба Наҷафободи Исфаҳон аст
Субҳи имрӯз Артиши Исроил эълон кард, ки нерӯҳои ҳавоии ин кишвар «ҳадафҳои низомие» дар марказ ва ғарби Эронро ҳадаф қарор додаанд. Ин ниҳод ҷузъиёти бештар надодааст.
Сипоҳи посдорони Эрон иттилоъ дод, ки Исроил «бо истифода аз мушаки ҳавопартоб» ба ҳадафҳое дар хоки Эрон ҳамла кардааст.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои дохилии Эрон аз шунида шудани садои таркиш дар чандин шаҳри ин кишвар, аз ҷумла, Теҳрон, Исфаҳон ва Табрез гузориш додаанд.
Иттилои дигаре аз талафоту хисороти эҳтимолии ҳамлаи Исроил нашр нашудааст. Танҳо мақомоти расмии Исфаҳон гуфтаанд, ки як нуқтае дар шаҳри Наҷафободи ин вилоят ҳадаф қарор гирифта ва талафоти ҷоние дар пай надоштааст.
Дар пайи ҳамла ба Эрон, Артиши Исроил гуфт, ки аз Яман низ ба сӯяш ҳамла шудааст. Ин ниҳод аз партоби ҳадди ақал як мушак гузориш додааст.
Дар пай ин, дар чанд шаҳр дар Исроил, аз ҷумла, Телавив ва Байтулмуқаддас бонги хатар ба садо даромада, сокинон ба паноҳгоҳҳо рафтаанд ва падофанди ҳавоии Исроил фаъол шудааст.

Фаъолияти падофанди Исроил ҳангоми ҳамлаи мушакии дишабаи Эрон ба ин кишвар, Flash90
Ба навиштаи расонаҳо, мақомоти Исроил баъдан иттилоъ додаанд, ки «пас аз анҷоми арзёбии вазъият» исроилиҳо метавонанд аз паноҳгоҳҳо берун шаванд.
То кунун дар мавриди сарнавишти мушаки партобшуда аз Яман ба Исроил ва маҳалли эҳтимолии бархурд ё хисороту талафоти он иттилоъе нашр нашудааст.
Бояд гуфт, «Ҳусиҳо"-и Яман қаблан дар ҳамбастагӣ бо Эрон, Фаластин ва Лубнон ба Исроил бо мушак ҳамла карда буданд.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)