< Трамп: “Нетаняҳу бояд ҳар тавофуқи Амрико бо Эронро қабул кунад” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Трамп: “Нетаняҳу бояд ҳар тавофуқи Амрико бо Эронро қабул кунад”

Трамп: “Нетаняҳу бояд ҳар тавофуқи Амрико бо Эронро қабул кунад”
​"Фокс Нюз« рӯзи душанбе, 8 –уми июн, гузориш додааст, ки ин изҳорот пас аз афзоиши танишҳо миёни Эрон ва Исроил ва дар пайи ҳамлаи мушакии Теҳрон ба ин кишвар матраҳ шудааст.

Бар асоси гузориш, Эрон дар нахустин ҳамлаи худ аз замони оташбаси моҳи апрел мушакҳое ба самти Исроил партоб кардааст: иқдоме, ки нигарониҳо дар бораи эҳтимоли аз сар гирифтани даргириҳоро афзоиш додааст.

Исроил гуфтааст, ки ин мушакҳо як теъдодашон боздошта шудаанд ва теъдоде дар минтақаҳои кушод фурӯ рехтаанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомҳои низомии Исроил ҳушдор додаанд, ки Эрон бо ин иқдом „хатоии калон“ содир кардааст.

Ин суханон дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки як мақоми амрикоӣ гуфтааст, Вашингтон ҳоло интизори ҳамлаи фаврии Исроил ба Эрон нест ва бовар дорад, ки ҳанӯз имконият барои пешбурди музокирот бо Теҳрон вуҷуд дорад.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий