Нигаронии Тоҷикистону Покистон аз ҳузури 25 гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон. Толибон онро қабул надоранд
Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Муҳсин Нақавӣ, ҳамтои покистониаш рӯзи 5-уми июн дар шаҳри Бишкек, дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) сурат гирифт.
Рӯзномаи афғонистонии «8-и субҳ» бо такя ба дафтари матбуоти вазири корҳои дохилии Покистон навишт, ки меҳвари асосии ин гуфтугӯҳо «пойгоҳҳои террористӣ дар дохили Афғонистон» будааст.

Вохӯрии вазирони корҳои дохили тоҷикистон ва Покистон. Акс аз ВКД Тоҷикистон "
Дафтари матбуоти ВКД-и Тоҷикистон дар бораи ин мулоқот хабар дода, вале дар бораи нигаронӣ аз ҳузури гуруӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ишора накардааст.
«Ҷонибҳо масоили тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ, киберҷиноятҳо ва амнияти иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд», — навиштааст ин ниҳод.
Дар ҳамин ҳол, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати «Толибон» тавассути телевизиони миллии таҳти назорати ин гурӯҳ, иддаои ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳ дар хоки Афғонистонро беасос хонда, гуфтааст, «ин иттиҳомот хеле кӯҳна ва такроршавандаанд. Чунин иддаоҳо дар давраи ҳузури Амрико низ баён шуда буданд, аммо ҳеҷ далеле барои онҳо пешниҳод нашудааст».

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид. Акс аз Ariana News Вай таъкид кардааст, Кобул ҳаргиз иҷозат намедиҳад, ки аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои дигар истифода шавад.
"
Нигарониҳои Тоҷикистон ва Покистон дар бораи вазъи Афғонистон реша дар мушкилоти амниятии марзии ин ду кишвар дорад. Бар хилофи бархе аз кишварҳои дигари узви СҲШ, ки бо Толибон робитаҳои гарми дипломатию иқтисодӣ барқарор кардаанд, Душанбе ва Исломобод ба ҳукумати кунунии Кобул равобити чандон гарме надоранд.
Нигаронии асосии Душанбе ба фаъолияти гурӯҳи «Ансоруллоҳ»* рабт дорад, ки гуфта мешавад дар наздикии марзи Тоҷикистон мустақар аст. Ҳамчунин, фаъолшавии «Шохаи Хуросон"-и ДОИШ*, ки ба ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон машғул аст, аз сарчашмаҳои асосии ташвиши Душанбе ба шумор мераванд.
Исломобод ҳам борҳо Толибонро муттаҳам кардааст, ки ба ҷангҷӯёни гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон (ТТП)* паноҳгоҳ додаанд.
Аммо Толибон ин иттиҳомотро ҳамеша инкор мекунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Сарчашма: asiaplus.news
Рӯзномаи афғонистонии «8-и субҳ» бо такя ба дафтари матбуоти вазири корҳои дохилии Покистон навишт, ки меҳвари асосии ин гуфтугӯҳо «пойгоҳҳои террористӣ дар дохили Афғонистон» будааст.

Тибқи гузориши расонаҳои покистонӣ, мақомоти ҳарду кишвар ба ин хулоса расидаанд, ки дар ҳоли ҳозир дар Афғонистони таҳти назорати Толибон тақрибан 25 созмони террористии гуногун фаъолият доранд ва ин вазъ амнияти тамоми минтақаро ба чолиш кашидааст.
Дафтари матбуоти ВКД-и Тоҷикистон дар бораи ин мулоқот хабар дода, вале дар бораи нигаронӣ аз ҳузури гуруӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ишора накардааст.
«Ҷонибҳо масоили тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ, киберҷиноятҳо ва амнияти иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд», — навиштааст ин ниҳод.
Дар ҳамин ҳол, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати «Толибон» тавассути телевизиони миллии таҳти назорати ин гурӯҳ, иддаои ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳ дар хоки Афғонистонро беасос хонда, гуфтааст, «ин иттиҳомот хеле кӯҳна ва такроршавандаанд. Чунин иддаоҳо дар давраи ҳузури Амрико низ баён шуда буданд, аммо ҳеҷ далеле барои онҳо пешниҳод нашудааст».

"
«Ҳузури гурӯҳҳои хориҷӣ дар Афғонистон таблиғот аст ва мо онро рад мекунем. Кишварҳо бояд мушкилоти худро ҳал кунанд ва Афғонистонро айбдор накунанд. Онҳо инчунин, набояд бо чунин изҳорот дар минтақа шубҳа ва нобоварӣ эҷод кунанд», — гуфтааст вай.
Нигарониҳои Тоҷикистон ва Покистон дар бораи вазъи Афғонистон реша дар мушкилоти амниятии марзии ин ду кишвар дорад. Бар хилофи бархе аз кишварҳои дигари узви СҲШ, ки бо Толибон робитаҳои гарми дипломатию иқтисодӣ барқарор кардаанд, Душанбе ва Исломобод ба ҳукумати кунунии Кобул равобити чандон гарме надоранд.
Нигаронии асосии Душанбе ба фаъолияти гурӯҳи «Ансоруллоҳ»* рабт дорад, ки гуфта мешавад дар наздикии марзи Тоҷикистон мустақар аст. Ҳамчунин, фаъолшавии «Шохаи Хуросон"-и ДОИШ*, ки ба ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон машғул аст, аз сарчашмаҳои асосии ташвиши Душанбе ба шумор мераванд.
Исломобод ҳам борҳо Толибонро муттаҳам кардааст, ки ба ҷангҷӯёни гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон (ТТП)* паноҳгоҳ додаанд.
Аммо Толибон ин иттиҳомотро ҳамеша инкор мекунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)