Шукуҳи наврӯзии муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон
-Вақте Пешвои миллат аз ҳавопаймо поён омаданд ва нахустин шуда, ибораи «Наврӯз муборак!"-ро ба забон оварданд, ин танҳо як табрики идона набуд. Дар он лаҳза сиёсати воқеӣ бо рамзият омехт: баҳор — фасли эҳё, Наврӯз — ҷашни оғоз ва муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон — намунаи эҳёи комили эътимод.
Вақте мулоқоти сарони давлатҳо дар Тошканд дар рӯзҳои Наврӯз баргузор мегардад, ин танҳо интихоби сана набуд, ин паём буд. Паёме, ки мегӯяд: муносибатҳо аз нав шукуфтаанд.
Ҳанӯз соли 2018, вақте Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Душанбе аввалин сафари давлатӣ анҷом дода буд, ҳамин руҳияи баҳорӣ оғози давраи нави ҳамгироӣ гардид. Имрӯз ин анъана идома ёфта, ба рамзи устувори дипломатияи минтақавӣ табдил ёфтааст.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора намуданд, «рамзист, ки мулоқоти мо дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор мешавад».
Ин рамзият махсусан дар шароите аҳамияти бештар касб мекунад, ки муносибатҳои ду давлат дар даҳсолаи охир аз марҳилаи эҳё ба марҳилаи рушди босуръат гузаштаанд.
Аз ҷониби дигар, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев низ таъкид карданд, ки «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва иттифоқчӣ мебошад».
Ин баёнгари он аст, ки ҳамкории ду кишвар аз марҳилаи барқарорсозии эътимод гузашта, ба сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ расидааст. Имзои Изҳороти муштарак оид ба таъмиқи ин муносибатҳо ва барномаҳои мушаххаси иқтисодӣ далели равшани ин гуфтаҳост.
Имрӯз гардиши молу маҳсулот байни ду давлат қариб ба 1 миллиард доллар расида, суръати афзоиши он дар як сол тақрибан 30 фоизро ташкил медиҳад. Роҳбарони ду давлат ба масъулин супориш доданд, ки ин нишондиҳандаро на танҳо дар дурнамо, балки эҳтимол то соли 2028 ба 2 миллиард доллар расонанд.
Махсусан густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои калидӣ, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, логистика, металлургия, мошинасозӣ, саноати сабук, кишоварзӣ, технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ нишон медиҳад, ки ҳамгироии иқтисодӣ ба раванди устувор табдил ёфтааст.
Дар паси ин рақамҳо воқеияти муҳими дигар қарор дорад, яъне 410 корхона бо сармояи Тоҷикистон дар Узбекистон, 131 корхонаи муштарак дар Тоҷикистон ва садҳо лоиҳаҳои наве, ки ба иқтисоди ду кишвар нафаси тоза мебахшанд. Дар ин ҷо иқтисод ба забони равшан мегӯяд, ки ҳамкорӣ дигар интихоб нест, балки зарурат аст.
Барои боз ҳам қавӣ гардонидани робитаҳо якчанд лоиҳаҳои нав амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, 7 лоиҳа дар Тоҷикистон бо маблағи умумии 98 миллион доллар ва 5 лоиҳа дар Узбекистон бо арзиши 63,2 миллион доллар амалӣ шудаанд.
Ин лоиҳаҳо бахшҳои гуногун, аз саноат ва агросаноат то тандурустӣ ва истеҳсоли молҳои истеъмолиро фаро гирифта, ба таъсиси ҷойи нави кор мусоидат менамоянд.
Дипломатияи мардумӣ низ босуръат тавсеа меёбад. Танҳо дар як сол 2,78 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Узбекистон ва зиёда аз 1,1 миллион шаҳрванди Узбекистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки сарҳадҳои ду кишвар ба нуқтаи пайвасти қалбҳо табдил ёфтаанд.
Дар доираи сафари давлатӣ як силсила чорабиниҳои муҳим баргузор гардиданд, ки доираи васеи ҳамкориро фаро гирифта, барои бобарор ва пурбор гузаштани сафар замина гузоштанд.
Аз ҷумла, намоиши молу маҳсулоти ду давлат дар шаҳри Тошканд, ки имконоти содиротӣ ва саноатиро муаррифӣ намуд; Форуми дуюми байниминтақавӣ дар шаҳри Ҷиззах, ки дар он созишномаҳои муҳими сармоягузорӣ ба имзо расиданд; Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон, ки ба муаррифии арзишҳои миллӣ мусоидат карданд; ҳамоишҳои доираҳои таҳлилӣ, ки масъалаҳои стратегии ҳамкориро баррасӣ намуданд; инчунин мулоқотҳои олимон ва ҷавонон, ки ба рушди дипломатияи мардумӣ ва илмӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.
Ин чорабиниҳо нишон доданд, ки ҳамкорӣ танҳо ба сатҳи сиёсӣ маҳдуд нашуда, тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифтааст.
Роҳбарони ҳар ду давлат бори дигар таъкид намуданд, ки барои ҳифз ва рушди забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ барои тоҷикон дар Узбекистон ва узбекон дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Фаъол будани ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик дар донишгоҳҳои Самарқанд, Бухоро ва Фарғона, инчунин ихтисоси забон ва адабиёти узбек дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, нашри мунтазами рӯзномаҳои «Халқ овози"-и Душанбе ва «Овози тоҷик"-и Тошканд, барномаҳои иттилоотию фарҳангӣ дар телевизионҳои марказии ҳар ду давлат бо забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ, фаъолияти марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар Узбекистон ва узбекон дар Тоҷикистон- ҳама аз самараи сиёсати оқилона ва дӯстонаи сарварони ду давлат шаҳодат медиҳанд.
Боздиди муштараки сарони давлатҳо аз шаҳри Бухоро ва мавзеъҳои таърихии он, аз ҷумла оромгоҳи Исмоили Сомонӣ рамзи пайванди амиқи таърихии ду миллат мебошад. Ин сафар бори дигар нишон дод, ки гузашта на танҳо хотира, балки заминаи устувори ояндасозӣ аст.
Ва шояд муҳимтарин паёми ин сафар низ дар ҳамин нуҳуфта бошад: муносибатҳое, ки бар пояи таърих, фарҳанг ва манфиатҳои муштарак бунёд шудаанд, метавонанд аз ҳар гуна мушкилот болотар раванд.
Ба назари мо, сафари давлатии Пешвои миллат ба Узбекистонро метавон ба формулаи сода, вале пурмазмун табдил дод: рамзият + эътимод + иқтисод + мардум + фарҳанг + таърих = ҳамгироии устувор.
Дар ин формула рамзият Наврӯз аст ва он танҳо ҷашн нест, балки идея аст.
— идеяи навсозии муносибатҳо;
— идеяи бозгашт ба решаҳои муштарак;
— идеяи бунёди ояндаи муштарак.
Шукуҳи Наврӯз дар ин замина ба шукуҳи сиёсати хирадмандона табдил ёфтааст, ки на танҳо имрӯз, балки фардои минтақаро низ дурахшонтар месозад.
Ёқубҷон АБДУМАНОНЗОДА,
сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози»,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
Зуҳриддин УМАРОВ,
котиби масъули рӯзномаи «Халқ овози»,
номзади илмҳои филологӣ
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)