< Даҳ кӯдаки тоҷикро барои ҷарроҳии дил ба Чин мебаранд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Даҳ кӯдаки тоҷикро барои ҷарроҳии дил ба Чин мебаранд

Даҳ кӯдаки тоҷикро барои ҷарроҳии дил ба Чин мебаранд
​Ба иттилои ин ниҳод, кӯдакон, ки аз нуқси модарзодии дил ранҷ мекашанд, дар Чин ройгон ҷарроҳӣ мешаванд. Дар ин сафар яке аз волидон ҳам онҳоро ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Ба навиштаи манбаъ, ин тасмим ахиран дар мулоқоти масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бо сафири Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон гирифта шудааст.

Сафари кӯдакони бемор ва ҷарроҳии онҳо дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар соҳаи тандурустӣ ба роҳ монда шудааст.
Вазорат мегӯяд, дар раванди ҷарроҳии кӯдакон табибони тоҷик ҳам ширкат хоҳанд кард. Онҳо ҳам бо мақсади аз худ кардани таҷрибаи мутахасисони чинӣ ба Чин мераванд.

Ба гуфтаи масъулин, ҳадафи аслӣ роҳандозӣ ва истифода аз усулҳои нави табобат дар Тоҷикистон аст.

Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий