Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти қарзҳои бебозгашт (грант) президенти Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ миёни занон дар соли 2026 озмун эълон кардааст.
Аз ин ниҳод ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки имсол 200 зан барои рушди тиҷорати худ метавонанд қарзҳои бебозгашт бебозгашт дарёфт кунанд.
«Грантҳо баҳри татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ифтитоҳи коргоҳу устохонаҳои хурд, қолинбофӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, соҳаи коркарди меваи хушк ва рушди бахши кишоварзӣ ҷудо карда мешаванд», — гуфтанд аз Кумитаи кор бо занон ва оила.Ба иттилои ин ниҳод, маблағи қарзҳо аз 40 ҳазор то 110 ҳазор сомонӣ буда, ба 200 зан дода мешавад.
Қарзҳои бебозгашт ба таври зайл тақсим мешаванд:
25 грант ба андозаи 110 000 сомонӣ;
25 грант ба андозаи 100 000 сомонӣ;
25 грант ба андозаи 90 000 сомонӣ;
25 грант ба андозаи 80 000 сомонӣ;
25 грант ба андозаи 70 000 сомонӣ;
25 грант ба андозаи 60 000 сомонӣ;
25 грант ба андозаи 50 000 сомонӣ;
25 грант ба андозаи 40 000 сомонӣ.
Дар Кумита зикр карданд, ки қабули ҳуҷҷатҳо ба озмун аллакай оғоз гардида, то 15 апрел давом мекунад. Лоиҳаҳо бо забони тоҷикӣ дар ҳаҷми на зиёда аз 5 саҳифа дар шакли «MS Word» (шрифти Times New Roman, 14) ба озмнуи пешниҳод карда мешавад.
Дар сурати нопурра будани бастаи ҳуҷҷатҳо Кумита лоиҳаҳоро баррасӣ намекунад. Агар иштирокчии озмун ғолиб дониста шавад, ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида баргардонида намешаванд.
Хоҳишмандон метавонанд ба Кумитаи кор бо занон дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо, 3, ё тариқи телефонҳои 227-91-17, 221-34-71, 227-24-38 муроҷиат кунанд.
Қобили зикр аст, ки соли 2025 дар Тоҷикистон ба занони соҳибкор баҳри амалисозии 200 лоиҳа 15 млн сомонӣ грант ҷудо шуда буд. Он замон Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила гуфта буд, ки дар муқоиса бо солҳои пешин маблағи қарзҳои бебозгашт 3 баробар зиёд карда шуд.
Ин маблағҳо ба рушди соҳибкорӣ миёни занон, дастгирии ҳунарҳои мардумӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ равона шуданд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)