Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
Дар мусобиқаи байналмилалии таэквондо WT — «Ҷоми капитанҳо», ки рӯзҳои 5-9-уми март дар шаҳри Минск баргузор шуд, Абдуҷаъфари Баҳодур, варзишгари тоҷик дар вазни 59 кг дар ҳамаи рақобатҳо ғолиб омад ва медали тиллои мусобиқаро соҳиб шуд.
Дар ин бора аз Федератсияи таэквондо WT-и Тоҷикистон хабар дода, гуфтанд, ки дар ҷараёни мусобиқа Абдуҷаъфари Баҳодур муқобили панҷ ҳариф рақобат кард ва «дар ҳамаи рақобатҳо сатҳи баланди омодагӣ, техникаи хуб ва равиши дилпуронаи пешбурди муқовиматро нишон дод».
«Пирӯзӣ дар мусобиқаи Минск дастоварди муҳим барои варзиши Тоҷикистон аст. Абдуҷаъфари Баҳодур на танҳо сатҳи баланди омодагии худро нишон дод, балки кишварро ба таври арзанда дар арсаи байналмилалӣ намояндагӣ кард», — гуфтанд аз Федератсияи таэквондо WT-и Тоҷикистон
Бодя гуфт, ки мусобиқоти байналмилалии таэквон-до WT «Ҷоми капитанҳо» ҳамасола дар пойтахти Беларус доир гардида, варзишгаронро аз кишварҳои гуногун гирдиҳам меорад. Мусобиқа яке аз марҳилаи муҳим барои санҷиши сатҳи омодагии варзишгарон ва андӯхтани таҷрибаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)