< Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд

Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Табибони чинӣ 9 кӯдаки гирифтори бемории қалб аз Тоҷикистонро дар шаҳри Тсиндаои Чин ройгон ҷарроҳӣ мекунанд. Кӯдакон ҳамроҳи яке аз волидайни худ имрӯз, 12-уми март барои табобат ба ин кишвар сафар мекунанд. Харҷи сафар ва будубош низ аз сӯйи Чин пардохт мешавад.

Маросими гусели кӯдакони дорои бемории қалб, дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон бо ширкати Зулфия Абдусамадзода, муовини вазири тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Го Ҷитсзюн, сафири Чин дар Тоҷикистон ва Ян Ҳуй, роҳбари Маркази ташхисию табобатии «Чину Тоҷикистон»  баргузор шуд.

Зулфия Абдусамадзода, зимни гусели кӯдакон гуфт, дар Тоҷикистон теъдоди тифлоне, ки бо нуқсонҳои модарзодии қалб ба дунё меоянд, назар ба солҳои гузашта зиёд шудааст.



«Имрӯз мо ташхсиси фаросавтӣ мегузаронем, то дар дохили батни модар кӯдакони дорои нуқсонҳои модарзодиро пешгирӣ намоем. Новобаста ба ин ҳамасола, 2 ҳазор кӯдак бо нуқсони модарзодӣ (аз 264 ҳазор таваллудшуда) ба дунё меоянд, ки ин хеле ташвишовар аст»,-таъкид кард Абдусамадзода.
Ба иттилои ӯ, ҳар сол дар дармонгоҳи шаҳрии № 2-и шаҳри Душанбе ва беморхонаи «Истиқлол» то 250 кӯдаки бемор ройгон ҷарроҳӣ карда мешаванд.

Ян Ҳуй ба «Азия-Плюс» гуфт, ташхиси кӯдакони дорои бемории қалб аз ҷониби 4 табиби чинӣ ҳанӯз дар моҳи август сурат гирифта буд. Кӯдаконе, ки барои ҷарроҳии ройгон интихоб шудаанд, аз 1 то 12-сола ҳастанд.

«Табобати 10 бемори қалб дар нақша буд, вале наздик ба 25 нафар дар рӯзи ташхис ҳозир шуданд. Мо дар аввал даҳ кӯдакро вобаста аз вазъи саломатӣ ва шароити молиашон интихоб кардем, вале бинобар сабабе, ки як нафари онҳо вазъи ниҳоят вахим дошт, аз рӯйхат берун кардем. Ҳоло 9 кӯдак, ки чор нафари онҳо бемориашон ҷиддитар аст, барои табобат ба Чин мефиристем ва дар онҷо ройгон ҷарроҳӣ мешаванд»,-гуфт Ян. 


Ян Ҳуй аз тарафи рост

Ҳамсуҳбати мо гуфт, аксари кӯдаконие, ки барои ҷароҳҳӣ ба Чин мераванд, дар Тоҷикистон имкони молии табобат надоранд.
Исфандиёр Шуҳратов, падари яке аз кӯдакон ба «Азия-Плюс» гуфт, бо сабаби надоштани маблағи ҷарроҳӣ натавонист тӯли солҳо фарзандашро табобат кунад.

«Муроҷиат кардем, моро дастгирӣ карданд, ҳамаи ҳуҷҷатҳоро омода карданд ва имрӯз ба Чин меравем. Хушҳолам, чун духтарам, ки аз замони ба дунё омаданаш аз бемории қалб ранҷ мекашид, ҷарроҳӣ шуда сиҳат мешавад»,-гуфт номбурда.


Бояд гуфт, ки ҳамасола даҳҳо кӯдаки тоҷик дар Тоҷикистон ва ё хориҷи кишвар аз бемории дил ройгон ҷарроҳӣ мешаванд. Аз ҷумла, чанд рӯз пеш Маркази ҷумҳуриявии илмии дилу рагҳо хабар дод, ки табибони ин марказ кӯдакони дорои бемориҳои дилро ройгон ташхис ва ҷарроҳӣ мекунанд. Ин иқдом ба муносибати моҳи шарифи Рамазон амалӣ карда шуда, «аз ҳисоби фондҳои хайрхоҳӣ пӯшонида мешавад».
Ҳамчунин, соли 2024 низ 10 кӯдаки дорои бемории дил аз Тоҷикистон аз сӯи табибони чинӣ дар Чин ҷарроҳӣ шуда буданд.

Қаблан, табибони Имороти Муттаҳидаи Араб ҳам дар беморхонаи «Истиқлол"-и Душанбе кӯдакони дорои нуқсони дилро ройгон ҷарроҳӣ карда буданд.

Бемории қалб, яке аз маъмултарин маризӣ дар кӯдакон аст, ки ба таъкиди мутахассисони соҳаи тиб ин беморӣ метавонад дар ҳафтаҳои аввалини ҳомиладорӣ пайдо шавад ва сабаби он омилҳои гуногуни генетикӣ ва муҳити зист буда метавонад. 


Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий