< Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон

Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
Мақомоти қудратӣ ва амниятии Тоҷикистон аз боздошти 7 «аъзои ду гурӯҳи нашъаҷаллоби фаромиллӣ» хабар доданд, ки ба муомилоти 100 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, афюн ва ҳабҳои психотропӣ гумонбар мебошанд. Ин гурӯҳҳо маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид карда, нияти фурӯш дар дохил ва хориҷи кишварро доштаанд.
  
Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар барномаи «Ахбори ВКД», ки рӯзи 11-уми март нашр шуд, аз боздошти 5 нашъаҷаллоб хабар дода, аз саркардаи ин гурӯҳ Ғолибҷон Ғаниев, сокини 39-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ ном бурда, гуфтааст, ӯ қаблан 7 сол зиндонӣ шудааст.

Мақомот аз дигар аъзои ин гурӯҳ Маҳмадроиб Асроров, Ҳакимҷон Маҳмадҷонов, ки қаблан 6 сол зиндонӣ шудааст, сокинони 52 солаи ноҳияи Рашт ва Фирӯз Мирзоеви 31-сола, Мухтор Раҷабови 41-сола, ки пештар ба 5 соли зиндон маҳкум шудааст, сокинони ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ном бурдаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, аъзоёни ин гурӯҳ, «воситаҳои нашъадори навъи ҳашиш, афюн ва моддаи психотропии „метамфитамин"-ро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рашт ба фурӯш баровардаанд«.

Мақомот гуфтаанд, гумонбарон „аз Ҷумҳурии Афғонистон воситаҳои нашъадорро дарёфт карда, бо мақсади минбаъд ба хориҷи кишвар интиқол додан ба минтақаи Рашт ва шаҳри Душанбе оварда, пинҳон кардаанд“.

»Моҳи ноябри соли 2025 дар ду марҳила 80 баста воситаҳои нашъадори навъи ҳашиш, афюн ва моддаи психотропии «метамфитамин"-ро тавассути Юсуф, шаҳрванди Афғонистон қабул намуда, бо ҳамроҳии яке аз аъзоёнашон Фирӯз Мирзоев 41 бастаи онро дар яке аз махфигоҳи худ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва қисми дигарро дар ноҳияи Шоҳмансур пинҳон кардаанд«,-гуфтааст ВКД.
Дар навори мақомот, Ғолибҷон Ғаниев иқрор мешавад, ки ба муомилоти маводи мухаддир даст задааст. Таҳти кадом шароит сабт шудани ин иқрор маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз пеш Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) низ бо нашри як гузориш аз боздошти 2 коҷоқбар, ки як тани онҳо шаҳрванди Афғонистон аст, хабар дода гуфт, аз онҳо 20 кг маводи мухаддир мусодира шудааст.

Ин ниҳод гуфтааст, Оятулло Одинаев, шаҳрванди Тоҷикистон бо Муборакшо Шайдулло, шаҳрванди Афғонистон аз соли 2023 то инҷониб ҳамкорӣ дошта, мунтазам ба қоҷоқ ва муомилоти маводи мухаддир машғул будаанд. 

»Моҳи феврали соли 2026 Оятулло Одинаев ва Муборакшо Шайдулло 20 баста маводи мухаддири навъи ҳашишро дастрас ва бо мақсади фурӯш ба шаҳри Ваҳдат интиқол додаанд«, — гуфта шудааст дар гузориши мақомот.

Ҳарду гумонбарон дар гузориши нашркардаи мақомот иттиҳомоти алайҳашон воридшударо қабул кардаанд. Вале дар кадом шароит сабт шудани ин изҳорот маълум нест.

Мақомот мегӯянд, нисбати боздошшудаҳо бо иттиҳоми „муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ… ба миқдори махсусан калон“ (моддаи 200, қисми 4, банди „д"-и КҶ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Оятулло Одинаев ва Муборакшо Шайдулло

Назари гумонбарони дигар дар робита ба ин қазия маълум нест.
Вақтҳои охир мақомоти қудратӣ ва амниятии Тоҷикистон дар робита ба боздошту зиндони кардани гумонбарони қочоқи маводи мухаддир дар кишвар зиёд иттилоъ медиҳанд.

Тибқи маълумоти Оҷонсии зиддинашъаи Тоҷикистон, соли гузашта 22 шаҳрванди хориҷӣ барои воридоти маводи мухаддир ба Тоҷикистон дастгир шудаанд. Аз онҳо 275 кг маводи нашъадор мусодира гардид.

Ин ниҳод иттилоъ дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, соли гузашта 5 тоннаву 280 килограмм маводи нашъадорро мусодира кардаанд, ки нисбат ба соли 2024-ум 898 килограму 835 грам (21%) зиёд аст. Аз ин 2 тоннаву 742 килограм (соли 2024 — 1 тоннаву 824 кг) маводи мухаддир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мусодира шудааст.


Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий