Ҷаҳон ба гӯшти мурғ мегузарад. Бозори гӯшт дар Тоҷикистон чӣ гуна тағйир меёбад?
Агар дар соли 2006 дар ҷаҳон тақрибан 48,3 млрд мурғ парвариш мешуд, пас то соли 2023 ин нишондиҳанда ба 76,2 млрд расидааст. Муҳаррики асосии афзоиш, минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором гардид. Пас аз он Амрико ва Аврупо қарор доранд. Тақрибан сеяки талаботи ҷаҳонӣ ба Чин ва ИМА рост меояд.
Чаро гӯшти мурғ писандида шуд?Нахуст, ин яке аз дастрастарин манбаъҳои сафеда аст. Истеҳсоли гӯшти мурғ дар муқоиса бо чорвои калон вақт ва захираҳои камтарро талаб мекунад.
Дуввум, гӯшти мурғ маҳдудиятҳои фарҳангӣ ва мазҳабие надорад, ки ба истеъмоли дигар навъҳои гӯшт таъсир мерасонанд. Он ба таомҳои гуногун — аз хӯрокҳои осиёӣ то фастфуд (тезтайёр) ба осонӣ мутобиқ мешавад.
Илова бар ин, рушди парандапарварии саноатӣ, беҳтар шудани хӯроки паранда, «селексия"-и зотҳо ва технологияҳои нигоҳдорӣ гӯшти мурғро ба маҳсулоти оммавие табдил доданд, ки барои қишрҳои васеи аҳолӣ дастрас аст.
Вазъи дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?Тоҷикистон низ сол ба сол истеҳсоли гӯшти парандаро афзоиш медиҳад. Тибқи маълумоти Оҷонсии омори кишвар, дар ҳафт моҳи соли равон 26,8 ҳазор тонна гӯшти паранда бо вазни зинда истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 6,5% зиёдтар аст.
Ҳаҷми асосии истеҳсол ба вилояти Суғд рост меояд: 13,1 ҳазор тонна. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8,2 ҳазор тонна ва дар вилояти Хатлон 5,4 ҳазор тонна истеҳсол шудааст.
Ҳамин тариқ, 79%-и гӯшти паранда дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, тақрибан 19% — дар хоҷагиҳои аҳолӣ ва 2,2% — дар хоҷагиҳои деҳқонӣ истеҳсол шудааст.

То 1-уми августи соли 2026 дар
Тоҷикистон 13,15 млн паранда мавҷуд буд, ки нисбат ба як соли пеш 11,1% бештар аст.
Шумораи бештари паранда дар вилояти Суғд нигоҳдорӣ мешавад: қариб 7 млн, ки дар як сол 22% афзоиш ёфтааст. Дар вилояти Хатлон ин нишондиҳанда тақрибан 2,6 млн-ро ташкил додааст, вале дар ин давра қариб 4% коҳиш ёфтааст.
Чаро Тоҷикистон то ҳол гӯшти мурғ ворид мекунад?Бо вуҷуди афзоиши истеҳсоли дохилӣ, бозори дохилӣ ҳанӯз пурра бо маҳсулоти маҳаллӣ таъмин нест.
Дар нимсолаи аввали соли 2026 Тоҷикистон тақрибан 6,45 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти иловагии мурғро ба маблағи беш аз 24,9 млн $ ворид кардааст. Ҳамчунин, тақрибан 1,5 ҳазор тонна гӯшти дигар навъҳои парандаи хонагӣ ворид кардааст. Истеҳсолкунандагони хориҷӣ ҳамоно таъминкунандагони асосӣ боқӣ мемонанд.
Дар ҳамин ҳол, кишвар тадриҷан парандапарварии худро рушд медиҳад: шумораи корхонаҳо зиёд шуда, иқтидорҳои парвариши паранда ва истеҳсоли хӯроки паранда васеъ мешаванд.
Нарх чӣ гуна аст?
Тибқи маълумоти Оҷонсии омор, дар моҳи июли соли 2026 нархи гӯшти мурғ дар як моҳ 0,2% боло рафт. Аммо аз аввали сол гӯшти мурғ 1,1% арзон шудааст.
Акс аз agroexpert.press
Барои муқоиса, дар ҳамин давра нархи баъзе маҳсулоти дигар ба таври назаррас боло рафтааст. Ммасалан, себ 41,1%, лимӯ — 38% ва сабзӣ — 38,6% қимат шудааст.
Оё Тоҷикистон метавонад ба содирот оғоз кунад?Ҳоло Тоҷикистон асосан кишвари воридкунандаи гушти мурғ боқӣ мемонад, вале мақомот ва соҳибкорон имкониятҳои баромадан ба бозорҳои хориҷиро баррасӣ мекунанд.
Дар соли 2026 корҳо барои омодасозии содироти маҳсулоти парандапарварӣ ба Чин оғоз шуд. Масъалаи интиқоли гӯшти мурғи яхшуда ва коркардшуда, инчунин навъҳои алоҳидаи маҳсулоти парандапарварӣ баррасӣ шуданд. Вале барои содироти мунтазам бояд расмиёти гувоҳномадиҳии корхонаҳо гузаронида шуда, иҷозати кишварҳои қабулкунанда гирифта шавад.
"
Аммо кишвар ҳанӯз бояд вазифаи асосиро ҳал кунад. Яъне вобастагиро аз воридот коҳиш дода, соҳаи устувори содиротиро таъсис диҳад.
Сарчашма: asiaplus.news

Ҳамин тариқ, тамоюли ҷаҳонии афзоиши истеъмоли гӯшти мурғ тадриҷан дар Тоҷикистон низ инъикос меёбад: истеҳсол афзоиш ёфта, паранда зиёд мешавад ва нархҳо нисбатан муътадил боқӣ мемонанд.
Аммо кишвар ҳанӯз бояд вазифаи асосиро ҳал кунад. Яъне вобастагиро аз воридот коҳиш дода, соҳаи устувори содиротиро таъсис диҳад.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)