ВКД Русия: Ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон 40% коҳиш ёфтааст
Дар нимсолаи аввали соли 2026 шумораи ҷиноятҳо дар Русия, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содир шудаанд, 40% коҳиш ёфтааст. Дар ин бора Андрей Кикот, муовини якуми вазири корҳои дохилии Русия — сардори Хадамоти масъалаҳои шаҳрвандӣ ва сабтиноми шаҳрвандони хориҷии ин ниҳод дар мулоқот бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия хабар дод, менависад «kremlin.ru».
Қаблан, ин чунин иттилоъро рӯзномаи «Комерсант» бо такя ба Шӯрои амнияти ин кишвар нашр карда буд.
"
Ӯ коҳишро аз ҷумла, ба тавсеаи ваколатҳои хадамоти муҳоҷират рабт дод. Ин ниҳод дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаҳои иловагӣ, инчунин ваколатҳои анҷом додани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва гузаронидани таҳқиқ аз рӯи моддаҳои дахлдорро ба даст овард.

Андрей Кикот. Акс аз РИА Новости
Ба гуфтаи Кикот, хадамот на ба ҷиноятҳои хурд ва начандон вазнин, балки ба ошкор кардани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, тарҳҳо ва роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ таваҷҷуҳи асосиро равона мекунад. Илова бар ин, ниҳод таҷрибаи ошкор кардани шабакаҳои чопхонаҳои пинҳониро ба роҳ мондааст, ки дар онҳо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои бақайдгирӣ ва қонунигардонии муҳоҷирони меҳнатӣ омода карда мешаванд. Дар натиҷа, шумораи гурӯҳҳои муташаккили ошкоршуда 30% афзоиш ёфтааст.
Дар робита ба ҷуғрофияи ҷинояткорӣ, Кикот зикр кардааст, ки камтар аз нисфи ҷиноятҳо ба Маскав, вилояти Маскав ва Санкт-Петербург рост меояд. Ин аз ҷумла, ба теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки ба ин минтақаҳо меоянд, вобаста аст. Ба дигар субъектҳои Русия ба ҳисоби миёна 2–3%-и чунин ҷиноятҳо рост меояд.
ВКД санҷиш, ихроҷ ва назоратро дар марз густариш медиҳадБа гуфтаи муовини вазир, дар соҳаи назорати муҳоҷират низ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Шумораи санҷишҳо ё рейдҳои гузаронидашуда 155 ҳазор зиёд шуда, теъдоди шахсони ҳуқуқии санҷидашуда 43% афзудааст. Дар натиҷа, аз кишвар тақрибан 100 ҳазор муҳоҷир, аз ҷумла 75 ҳазори онҳо маҷбуран ихроҷ шуданд.
Дар доираи корҳои пешгирӣ воҳидҳои хадамоти муҳоҷират, вуруди 197 ҳазор шаҳрванди хориҷиро, ки қонунгузориро вайрон карда буданд, ба Русия манъ карданд. Ҳамчунин, ба иллои вай, санҷиши ҳуҷҷатҳое, ки барои расмӣ кардани мақом пешниҳод мешаванд, пурзӯр карда шудааст. Дар натиҷа шумораи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти бардурӯғи ошкоршуда даҳ баробар афзудааст.

Боздошти шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия. Акс аз РИА Новости
Корҳои ошкор кардани никоҳу оилавии қалбакӣ низ пурзӯр карда шудааст. Ошкоршавии чунин ҳолатҳо 20% ва ҳолатҳои пешниҳоди маълумоти бардурӯғ даҳ баробар афзудааст. Дар натиҷаи санҷишҳо, 20 ҳазор иҷоза иқомати муваққатӣ (РВП) ва Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) бекор карда шуданд.
Кикот зикр кардааст, ки ба чунин натиҷаҳо тағйир додани равишҳо ба кори пулис имкон дод. Қаблан, ба назорати муҳоҷират одатан асосан воҳидҳои ҳудудӣ, аз ҷумла хадамоти посбону назорати роҳҳо, инчунин «Росгвардия» ҷалб мешуданд. Акнун ба ин кор пулис низ ҷалб шудаанд.
Бо супориши Владимир Путин, ҳалқаҳои нақлиётие, ки дар онҳо гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ҷойгиранд, инчунин дар наздикии онҳо нуқтаҳои назорати муҳоҷират таъсис дода мешаванд. Айни замон 23 чунин нуқта боз шудааст. Лоиҳаи санҷишӣ дар фурудгоҳи Шереметево амалӣ гардид, ки ба арзёбии ВКД, самаранокии фаъолияти нуқтаи назорати муҳоҷиратро нишон дод.
"
Кикот ҳамчунин аз таъсиси маркази таҳлилӣ хабар додааст, ки бо истифода аз фанновариҳои нав, аз ҷумла ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ), маълумотро аз манбаъҳои гуногун муттаҳид хоҳад кард. Ин ҷо сухан дар бораи маълумот аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ, натиҷаҳои назорати муҳоҷират, иттилооти камераҳои назорати видеоӣ бо амалкарди шинохти чеҳра, инчунин маълумот аз корфармоён ва мақомоти давлатӣ меравад. Дар назар аст, ки марказ соли 2027 ба фаъолият оғоз кунад.

Муҳоҷирони корӣ дар Русия. Акс аз хабаргузории ТАСС
Бояд гуфт, ки омори ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон яке аз серистеъмолтарин маълумоте аст, ки ҳам мақомдорон ва ҳам расонаҳои Русия аз он барои манфӣ муаррифӣ кардани чеҳраи муҳоҷирон истифода мекунанд. Мақомдорони рус изҳороти мухталифе дар бораи шумораи ҷиноятҳои содиркадаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русияро дода буданд. Гоҳ аз афзоиши тезу тунд ва гоҳ аз коҳиши ҷиноятҳо миёни шаҳрвандони хориҷӣ хабарҳо нашр мекунанд.
Бештар дар ин бора дар ин матлаби мо хонед: Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Сарчашма: asiaplus.news
Қаблан, ин чунин иттилоъро рӯзномаи «Комерсант» бо такя ба Шӯрои амнияти ин кишвар нашр карда буд.
"
«Агар соли гузашта афзоиши начандон зиёди шумораи ҷиноятҳои хориҷиён ба назар мерасид ва ин рақам 41 ҳазорро ташкил дода буд, пас имсол коҳиши назаррас мушоҳида мешавад: дар ним сол 14,5 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин 40% камтар нисбат ба соли гузашта аст», — изҳор доштааст Кикот.
Ӯ коҳишро аз ҷумла, ба тавсеаи ваколатҳои хадамоти муҳоҷират рабт дод. Ин ниҳод дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаҳои иловагӣ, инчунин ваколатҳои анҷом додани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва гузаронидани таҳқиқ аз рӯи моддаҳои дахлдорро ба даст овард.

Ба гуфтаи Кикот, хадамот на ба ҷиноятҳои хурд ва начандон вазнин, балки ба ошкор кардани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, тарҳҳо ва роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ таваҷҷуҳи асосиро равона мекунад. Илова бар ин, ниҳод таҷрибаи ошкор кардани шабакаҳои чопхонаҳои пинҳониро ба роҳ мондааст, ки дар онҳо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои бақайдгирӣ ва қонунигардонии муҳоҷирони меҳнатӣ омода карда мешаванд. Дар натиҷа, шумораи гурӯҳҳои муташаккили ошкоршуда 30% афзоиш ёфтааст.
Дар робита ба ҷуғрофияи ҷинояткорӣ, Кикот зикр кардааст, ки камтар аз нисфи ҷиноятҳо ба Маскав, вилояти Маскав ва Санкт-Петербург рост меояд. Ин аз ҷумла, ба теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки ба ин минтақаҳо меоянд, вобаста аст. Ба дигар субъектҳои Русия ба ҳисоби миёна 2–3%-и чунин ҷиноятҳо рост меояд.
ВКД санҷиш, ихроҷ ва назоратро дар марз густариш медиҳадБа гуфтаи муовини вазир, дар соҳаи назорати муҳоҷират низ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Шумораи санҷишҳо ё рейдҳои гузаронидашуда 155 ҳазор зиёд шуда, теъдоди шахсони ҳуқуқии санҷидашуда 43% афзудааст. Дар натиҷа, аз кишвар тақрибан 100 ҳазор муҳоҷир, аз ҷумла 75 ҳазори онҳо маҷбуран ихроҷ шуданд.
Дар доираи корҳои пешгирӣ воҳидҳои хадамоти муҳоҷират, вуруди 197 ҳазор шаҳрванди хориҷиро, ки қонунгузориро вайрон карда буданд, ба Русия манъ карданд. Ҳамчунин, ба иллои вай, санҷиши ҳуҷҷатҳое, ки барои расмӣ кардани мақом пешниҳод мешаванд, пурзӯр карда шудааст. Дар натиҷа шумораи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти бардурӯғи ошкоршуда даҳ баробар афзудааст.

Корҳои ошкор кардани никоҳу оилавии қалбакӣ низ пурзӯр карда шудааст. Ошкоршавии чунин ҳолатҳо 20% ва ҳолатҳои пешниҳоди маълумоти бардурӯғ даҳ баробар афзудааст. Дар натиҷаи санҷишҳо, 20 ҳазор иҷоза иқомати муваққатӣ (РВП) ва Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) бекор карда шуданд.
Кикот зикр кардааст, ки ба чунин натиҷаҳо тағйир додани равишҳо ба кори пулис имкон дод. Қаблан, ба назорати муҳоҷират одатан асосан воҳидҳои ҳудудӣ, аз ҷумла хадамоти посбону назорати роҳҳо, инчунин «Росгвардия» ҷалб мешуданд. Акнун ба ин кор пулис низ ҷалб шудаанд.
Бо супориши Владимир Путин, ҳалқаҳои нақлиётие, ки дар онҳо гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ҷойгиранд, инчунин дар наздикии онҳо нуқтаҳои назорати муҳоҷират таъсис дода мешаванд. Айни замон 23 чунин нуқта боз шудааст. Лоиҳаи санҷишӣ дар фурудгоҳи Шереметево амалӣ гардид, ки ба арзёбии ВКД, самаранокии фаъолияти нуқтаи назорати муҳоҷиратро нишон дод.
"
«Мо якҷо бо ҳамкорон аз Хадамоти федералии амният (ФСБ), хадамоти сарҳад ва Вазорати нақлиёт алгоритми наверо таҳия кардем, ки қаблан истифода намешуд ва ба мо имкон медиҳад муҳоҷирони ғайриқонуниро дар лаҳзаи ворид шуданашон аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ манъ карда, ба кишвар роҳ надиҳем», — зикр кард Кикот.
Кикот ҳамчунин аз таъсиси маркази таҳлилӣ хабар додааст, ки бо истифода аз фанновариҳои нав, аз ҷумла ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ), маълумотро аз манбаъҳои гуногун муттаҳид хоҳад кард. Ин ҷо сухан дар бораи маълумот аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ, натиҷаҳои назорати муҳоҷират, иттилооти камераҳои назорати видеоӣ бо амалкарди шинохти чеҳра, инчунин маълумот аз корфармоён ва мақомоти давлатӣ меравад. Дар назар аст, ки марказ соли 2027 ба фаъолият оғоз кунад.

Бояд гуфт, ки омори ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон яке аз серистеъмолтарин маълумоте аст, ки ҳам мақомдорон ва ҳам расонаҳои Русия аз он барои манфӣ муаррифӣ кардани чеҳраи муҳоҷирон истифода мекунанд. Мақомдорони рус изҳороти мухталифе дар бораи шумораи ҷиноятҳои содиркадаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русияро дода буданд. Гоҳ аз афзоиши тезу тунд ва гоҳ аз коҳиши ҷиноятҳо миёни шаҳрвандони хориҷӣ хабарҳо нашр мекунанд.
Бештар дар ин бора дар ин матлаби мо хонед: Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)