< Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст

Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 85 миллиард сомонӣ расид. Дар ин давра истеҳсоли ғалла 6 баробар, картошка 12, сабзавот 11 ва мева 48 баробар зиёд гардид. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябр зимни суханронӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ соли 2025 ба 85 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба соли 1991    3,7 баробар афзоиш ёфтааст. Соҳаи кишоварзии мамлакат беш аз 21 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро фаро гирифта, зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор таъмин менамояд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки «имрӯз сатҳи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ беш аз 85 фоизро ташкил медиҳад».

Дар натиҷаи тадбирҳои андешида сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ нисбат ба талаботи меъёрҳои физиологӣ баланд гардид. Дар давраи соҳибистиқлолӣ  истеҳсоли картошка 135,4 фоиз, сабзавот 2,4 маротиба, пиёз 4 маротиба, сабзӣ 3,9 маротиба, полезӣ 3,9 маротиба, мева ва ангур 100 фоиз, гӯшт 104,1 фоиз, шир 100 фоиз ва тухм 74 фоиз таъмин гардид.

Кишоварзӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳимтарини  иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад.


сарчашма:  khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий