Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатии Туркманистон, аз ҷумла муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев, ҳайати дипломатии муқими Ашқобод, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ-фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳамватанони муқими Туркманистон иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода аҳаммияти таърихии Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои назарраси Тоҷикистонро дар солҳои соҳибистиқлолӣ таъкид намуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдориро таҳким бахшида, рушди устувори иҷтимоию иқтисодиро таъмин менамояд ва дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад.
Ҳамчунин вазъи рӯ ба рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Туркманистон, ки бар эҳтироми мутақобил, дӯстии анъанавӣ ва наздикии мардумони ду кишвар асос ёфтааст, таъкид гардид.
Дар доираи чорабинӣ намоишгоҳи имконияти сайёҳӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ва мероси ғании таърихию фарҳангии халқи тоҷик ташкил карда шуд. Меҳмонон бо китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, либосҳои миллӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, намунаҳои чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, бофандагӣ, кандакорӣ ва дигар осори фарҳангӣ шинос гардиданд.
Зимни барномаи фарҳангӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги Туркманистон бо оркестр асарҳои мусиқии тоҷикӣ иҷро гардида, ба чорабинӣ ҳусни идона бахшид.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)