Дидори миллиардии Халилзод ва Толибон. Вашингтон мегӯяд, дахле ба ин надорад
Сафари Халилзод ба Кобул, маросими имзои қарордоди бузурги нафту газ ва мулоқоти ӯ бо мақомоти баландпояи Толибон дар остонаи 25-умин солгарди ҳодисаҳои 11-уми сентябр ҷараён гирифт ва дар Амрико вокуниши шадид ва ҳассосеро ба миён овард.
Иёлоти Муттаҳида Толибонро ҳамчун ҳукумати қонунии Афғонистон намешиносад ва Вашингтон худро аз сафари Халилзод канор гирифт. «Халилзод корманди ҳукумати Амрико ест. Аз ин рӯ, ӯ намояндагии ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаро бар дӯш надорад», — гуфт сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Амрико ба Радиои Озодӣ.
Ӯ афзуд: «Толибон ҳамчунон гурӯҳи террористии ҷаҳонии махсус шинохта мешаванд. Аз ин рӯ, мо аз ширкатҳои хусусие, ки ба анҷоми фаъолияти тиҷоратӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳ доранд, даъват мекунем, аз эҳтиёти зиёд кор гиранд ва талош дошта бошанд, ки додугирифти онҳо қонуну қоидаҳои Амрикоро поймол накунанд.»
Аз сиёсат ба тиҷорат
Ҳузури Халилзод нақши ӯро дар ин муомила суолбарангез кардааст. Ҳамчунин бо назардошти собиқааш дар ҳукумати Амрико гумонҳоеро ба миён овардааст, ки Вашингтон аз дари пушт бо Толибон робитаи ғайрирасмӣ дорад. Халилзод соли 2020 созишномаеро бо Толибон омода ва имзо кард, ки бар пояи он нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон хориҷ шуданд.
Ӯ борҳо ба Афғонистони таҳти идораи Толибон сафар ва бо мақомоти ин гурӯҳ мулоқот кардааст. Аз ҷумла, рӯзи 4-уми апрели имсол ҳангоми озод шудани шаҳрванди 64-солаи амрикоӣ Деннис Койл аз зиндони Толибон дар Кобул ҳузур дошт.
«Таҷриба нишон додааст, афроде, ки дар даҳсолаҳои охир дар сатҳҳои олии ҳукумати Амрико фаъолият доштаанд, метавонанд гоҳе ҳатто пас аз бознишастагӣ низ ба сиёсати хориҷӣ ва равобити ин кишвар таъсир расонанд», — гуфт Мир Абдулвоҳиди Содот, раиси Анҷумани Ҳуқуқшиносони Афғонистон, ба Радиои Озодӣ.
Тариқ Фарҳодӣ, таҳлилгари сиёсии афғонистонии муқими Аврупо, гуфт, ҳарчанд сафари Халилзод ғайрирасмӣ буд, нуфуз ва робитаҳои ӯ дар Иёлоти Муттаҳида метавонанд барои Толибон муҳим бошанд. Ин гурӯҳ ҳам дар пайи сармоягузориҳои хориҷист ва ҳам мехоҳад шинохти байналмилалӣ ба даст орад.
Фарҳодӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Халилзод «наздик ба 40 сол таҷрибаи кор дар сиёсати Амрикоро дорад ва афроди зиёдеро дар ҳукумат ва Конгресс мешиносад».
«Дунё косаи давр аст ва пешгӯии самти ояндаи сиёсати Амрико осон нест», — афзуд ӯ ва ба ин нукта ишора кард, ки Аҳмад ал-Шаръ замоне террорист дониста мешуд ва акнун ҳамчун президенти меҳмони гиромии Кохи Сафед аст.
Ҳимоят аз Толибон
Халилзод дар бораи созишномаи Саудӣ ва Толибон хабарҳое нашр карда, онро «нишонаи омодагии Афғонистон ба тиҷорат» ва як пешрафти муҳими ин кишвар номидааст. Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи «Financial Times», Толибон ба ҳукумати Трамп гуфтааст, агар таҳрим сабуктар ва дороиҳои бастааш озод карда шаванд, Амрико метавонад ба захираҳои маъданҳои табиӣ дар Афғонистон дастрасӣ ёбад.
Созишнома нав ҳамкории ширкати «Delta Energy Group"-и Арабистони Саудӣ ва Вазорати маъдан ва нафти Афғонистонро дар коркарди нафту газ пешбинӣ мекунад. Ин майдон тақрибан 23 ҳазор километри мураббаъ буда, дар ғарби Афғонистон ҷойгир аст. Бар пояи созишнома ҳамчунин як лӯлаи газ ба дарозии 700 километр низ сохта мешавад.
Фарҳодӣ гуфт: «[Халилзод] айни замон ҳамчун мушовири лоиҳаи „Делта“ кор мекунад… ва ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки ӯ дар ин лоиҳа ҳамчун яке аз ҳамкорон шарик шавад». Нақши эҳтимолии ӯ дар тиҷорат боиси тааҷҷуб ва шубҳа шудааст.
Майкл Рубин, мудири таҳлили сиёсат дар «Middle East Forum» (Форуми Ховари Миёна), қайд кард, ки Халилзод рӯзи 11-уми сентябри соли 2001 дар ҳуҷраи тасимигирии Кохи Сафед ҳузур дошт, аммо ҳоло чунин ба назар мерасад, ки аз ин созиш «манфиат мебардорад».
Ӯ навишт: «Ҳузури ноҷои Халилзод дар пойтахти Толибон дар рӯзҳои мотами амрикоиён… ба камияш бояд дар Конгресс баррасӣ шавад ва ё ҳатто таҳқиқоти ҷиддитарро тақозо мекунад».
Эътирофи зоҳирӣ?
Уилл Селбер, собиқадори ҷанги Афғонистон, ки барои «Бунёди дифоъ аз демократияҳо» (Foundation for Defense of Democracies) мақола менависад, низ ҳузури ӯро дар маросими толибҳо танқид кард.
«Фарқ надорад, Халилзод чӣ ният дошт, ӯ ба Толибон чизеро дод, ки онҳо аз замони бозгашт ба сари қудрат дар паяш буданд: зоҳири эътироф аз ҷониби Амрико», — навишт ӯ.
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)