Суқути як ҳавопаймои сӯхтрасони амрикоӣ дар Ироқ
Фармондеҳии марказии Амрико аз сарнагунии як ҳавопаймои сӯхтрасони артиши ин кишвар хабар дод. Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои амрикоӣ дар ғарби Ироқ вожгун шудааст.
Фармондеҳии марказии Амрико гуфтааст, ки ҳодиса бинобар шиллики душман набудааст.
Артиши Амрико аз идомаи амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷоти сарнишинони ҳавопаймо дар маҳали суқуқ дар ғарби Ироқ хабар додааст.
Бар асоси гузоришҳо, ин ҳавопаймо 6 сарнишин доштааст ва ҳанӯз аз сарнавишти онҳо гузорише нашр нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи «Муқовимати исломии Ироқ» масъулияти сарнагунии ҳавопаймои сӯхтрасони амрикоиро бар ӯҳда гирифтааст.
Ин гурӯҳи ниманизомии таҳти ҳимояти Эрон дар баёнияе иддао кардааст, ки ҳавопаймои амрикоиро «дар дифоъ аз тамомияти арзӣ ва ҳарими ҳавоии Ироқ» ҳадаф қарор додааст.
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)