< Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид

Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
​Муовини сардори Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хоруғ Силтолӣ Силтолиев иброз намуд, ки ҳадафи мусобиқаи ҳарбию варзишӣ боз ҳам баланд бардоштани руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, обутоби руҳиву ҷисмонӣ ва дар оянда ба хизмати Ватан омода кардани наврасон мебошад. Таҷриба нишон дод, ки он хонандагоне, ки дар чунин мусобиқаҳо иштирок мекунанд, ҳангоми хизмати аскарӣ ба  мушкилоти ҷисмонию  равонӣ дучор намегарданд.

Наврасон аз намудҳои тирпаронӣ, ҷудо ва пайваст кардани силоҳ, ба рӯ кашидани ниқоби газӣ, бандкашӣ, дастхобонӣ, таҳия ва шарҳи рӯзномаи деворӣ бо ҳам рақобат карданд.

Дастаи ғолиб ба даври вилоятии  мусобиқа роҳхат гирифт. Даври вилоятии мусобиқаи ҳарбию варзишии «Ватанпарвар» даҳаи якуми моҳи апрел доир шуда, дар он 8 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок мекунанд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий