< Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?

Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
​Соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз, «Азия-Плюс» дар бораи куҳансолтарин зани кишвар — Басимо Тураеваи 121 — сола гузориш омода карда буд. Он замон ӯ гуфта буд, соҳиби 7 фарзанду тахминан 230 набераву абераву чабера гардидааст. Бо гузашти як сол, ба муносибати Рӯзи модар мо аз аҳволи ин зан пурсон шудем.

Мирзоалӣ Гадоев, фарзанди Басимо Тураева ба «Азия-Плюс» гуфт вазъи саломатии модараш беҳтар буда, танҳо каме хотирпарешон шудааст.

«Модарам дар иҳотаи фарзандону наберагон дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд. Он кас аз саломатиашон шикояте надоранд, танҳо каме фаромӯшхотир шудаанд ва ҳиси шунавоияш кам шудааст. Дар хона назди печка мешинанд, телевизион тамошо мекунанд, дар назди ҳавлӣ баромада каме мегарданд. Барои онки зиқ нашаванд, гоҳ-гоҳ ба хонаи дигар фарзандону пайвайндон мебарем», — гуфт номбурда.

Ба қавли фарзандон, Басимо Тураева аз саломатӣ шикоят надоранд ва гоҳо агар ягон узвашон дард кунад, на дору балки, гиёҳҳои шифобахш истеъмол мекунанд.

«Хӯрокҳои сабук аз ҷумла, отала, ширчой, шурбо тановул мекунад. Меваю хушкмеваҳоро дӯст медоранд. Иштиҳошон хуб аст, танҳо аз ҷиҳати саломатӣ парҳез мекунанд. Гапзаниашон хуб аст, то ҳол ба наберагонашон қиссаи зиндагиашонро пора-пора нақл мекунанд», — иброз дошт Гадоев.

Тибқи ҳуҷҷат, Басимо Тураева 6-уми майи соли 1904 дар деҳаи Чашмаи Бедаки ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Ӯ ду моҳ баъд, 122 — солагии худро таҷлил мекунад. Ба нақли худи Тураева, сирри дарозумриаш дар истеъмол накардани дору ва истеъмоли ғозои солим аст. Ӯ соли гузашта гуфта буд, дар тамоми давраи ҳаёташ дору истеъмол накардааст.

Қиссаҳои ҷолиби ҳаёти Басимо Тураева ва асрори дарозумрии ӯро дар ин пайванд тамошо кунед.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва нафақа дар нишасти матбуотии моҳи феврал гуфта буд, ки то моҳи феврали соли равон дар Тоҷикистон 239 сокине ҳастанд, ки синнашон аз 100-сола боло аст ва куҳансолтарин онҳо 113 — сола мебошад.

«Аз ҳама сину соли баланд ду шаҳрванд — яке аз шаҳри Бохтар ва дигарӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳастанд, ки ҳарду 113 сол доранд ва саломатияшон хуб аст»,-гуфт Абдураҳмон Ҳалимзод.
Ба гуфтаи ин ниҳод, давомнокии ҳаёти сокинони кишвар ба ҳисоби миёна ба 76,6 сол аст.


Сарчашма: asiaplustj.info​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий