< Дар Тоҷикистон барномаи панҷсолаи рушди нерӯи барқ қабул шуд. Вазъи таъмини барқ беҳтар мешавад? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон барномаи панҷсолаи рушди нерӯи барқ қабул шуд. Вазъи таъмини барқ беҳтар мешавад?

Дар Тоҷикистон барномаи панҷсолаи рушди нерӯи барқ қабул шуд. Вазъи таъмини барқ беҳтар мешавад?
Ҳукумати Тоҷикистон "Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030" ва нақшаи чорабиниҳо дар бораи амалисозии онро тасдиқ кард.

Дар шарҳи қабули қарор гуфта мешавад, ки қабули он "ба беҳбуди зерсохтори энергетикаи кишвар бо таваҷҷуҳ ба истифодаи манбаъҳои барқи обӣ ва дигар сарчашмаҳои энергия, рақамисозӣ ва таъмиру таҷдиди соҳа равона шудааст".

Дар Барнома бунёди бозори рақобатпазири нерӯи барқ баланд бардоштани амнияти энергетикӣ, истифодаи пурсамари захираҳои барқи обӣ ва таҷдидшаванда, инчунин рушди зерсохтор барои таъмини боэътимод бо барқ пешбинӣ шудааст.

"Афзоиши иқтидорҳои истеҳсоли барқ, коҳиши талафот дар шабакаҳо ва тавсеъаи имконот барои содироти барқ ба минтақаҳо аз афзалиятҳои ҳадафҳои барнома мебошад", - зикр мешавад дар барнома.

Дар санад дар робита ба бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, таъмиру навсозӣ ва таҷдиди иншооти мавҷуда ва тавсеъаи имконоти техникии шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ вазифа гузошта шудааст. Рушди рақамисозии соҳа бо ҷорӣ намудани низомҳои ҳуши маснӯии баҳисобгирӣ ва назорати барқ самти муҳим дониста шудааст.

Тибқи Барнома, то соли 2030 истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар бояд ба андозаи 2680 МВт зиёд карда шуда, инчунин ноил гардидан ба коҳиши назарраси талафот дар шабакаҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки содироти нерӯи барқ дар як сол то 5 млрд киловатт-соат расад.

Яке аз ҳадафҳои дигар, идомаи сохтмони НБО “Роғун” ва ивази агрегатҳо дар нерӯгоҳҳои “Норак”, “Сарбанд” ва “Қайроққум” мебошад, ки ба гуфтаи муаллифони барнома, "ба афзоиши назарраси истеҳсоли нерӯи барқ ва барқарор намудани иқтидорҳои аздастрафта имкон медиҳанд".

Дар Барнома инчунин сохтмони нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ бо иқтидори на камтар аз 750 МВт дар назар аст.

Барои амалисозии Барнома ҳудуди 60,4 млрд сомонӣ (6,5 млрд доллар) пешбинӣ шудааст, ки аз сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла буҷети давлатӣ, сармоягузориҳои хусусӣ ва маблағҳои шарикони байналмилалӣ ҷалб мешаванд.

Ба таъмиру навсозии шабакаҳои интиқоли барқи мавҷуда, бахусус дар минтақаи шимол ва пойтахт, ки талафот дар шабакаҳо баланд борқӣ мемонад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Ҳамчунин, навсозии хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ва сохтмони зеристгоҳҳои навдар назар аст.

Рақамисозӣ яке аз қисматҳои муҳими таъмиру навсозӣ мебошад. Яке аз самтҳои афзалиятнок ҷорисозии  ҳисобкунакҳои истифодаи нерӯи барқ бо ҳуши маснӯӣ ва низоми SCADA барои пайгирӣ ва идоракунии шабака зикр шудааст. Тайёр кардани кадрҳои ҳирфаӣ (соҳибихтисос) ҷанбаи муҳим дониста мешавад. Бо ин мақсад рушди низоми бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон пешбинӣ шудааст.

Қабули барномаи рушди соҳаи электроэнергия дар ҳолест, ки маҳдудият ё худ лимити истифодаи барқ дар Тоҷикистон аз даҳаи охири моҳи сентябр амал мекунад. Охири моҳи ноябр, вақте ки барои дастрасӣ ба нерӯи барқ маҳдудиятҳои иловагӣ ҷорӣ шуданд, вазъият ба таври назаррас душвортар шуд. Ҳоло сокинони минтақаҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки субҳу шомгоҳон ҳамагӣ ду-се соатӣ барқ мегиранд

Комментарии (0)

Оставить комментарий