Ду қатора-як мақсад. Роҳе, ки мушкили танбашавиро дар Душанбе осон мекунад
Мушкилоти рӯзафзуни ҳаракат дар шаҳр
Сол ба сол ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Душанбе душвортар мегардад. Танҳо дар панҷ соли охир шумораи мошинҳои сабукрав қариб ду баробар афзудааст. Ҳар саҳар ҳазорҳо сокинони Ҳисор, Шаҳринав, Ваҳдат ва Турсунзода барои кор ба пойтахт меоянд. Азбаски алтернативаи қулайи нақлиёти ҷамъиятӣ вуҷуд надорад, аксарият бо мошинҳои шахсӣ ҳаракат мекунанд.Натиҷа равшан аст: роҳҳои асосии пойтахт, аз ҷумла кӯчаҳои Шоҳтемур, Сино, Рӯдакӣ ва Айнӣ ва қисмати ҷанубиву ғарбии шаҳр субҳ ва шом пур аз мошин мешаванд. Банд шудани роҳҳо на танҳо вақти одамонро талаф медиҳад, балки ба асабоният, хастагӣ, ифлосшавии муҳит ва паст шудани самаранокии меҳнат оварда мерасонад. Сокинон мегӯянд, роҳе, ки бояд 20 дақиқа тӯл кашад, баъзан ба роҳи яксоата ва бештар аз он табдил меёбад.
Ин масъала танҳо мушкили нақлиётӣ нест, балки ба мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ табдил ёфтааст. Ба идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj даҳҳо номаҳо ворид шудаанд, ки шаҳрвандон аз танбашавии роҳ, норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ ва набуди роҳҳои алтернативӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.
Дар ҷустуҷӯи роҳи ҳал
Ҳукумати шаҳри Душанбе ба ин мушкил бетараф нест. Солҳои охир лоиҳаҳои зиёди васеъсозии кӯчаҳо, сохтмони роҳи ҳалқаӣ, пулу гузаргоҳҳои зеризаминӣ татбиқ шудаанд. Бо вуҷуди ин, афзоиши босуръати шумораи мошинҳо ва тамаркузи фаъолияти иқтисодию хизматрасонӣ дар пойтахт талаб мекунад, ки нақшаи нав – нақлиёти роҳи оҳан тарҳрезӣ ва мавриди тадбиқ қарор гирад.Душанбе пойтахти маъмурӣ ва сиёсии кишвар аст, бинобар ин, масъулияти ҳалли масъала на танҳо бар дӯши шаҳрдорӣ, балки ба зиммаи Вазорати нақлиёт, Корхонаи роҳи оҳан ва бахшҳои хусусӣ низ вогузор мешавад.
Танбашавии роҳҳо ба симои пойтахт низ таъсир дорад. Сайёҳон ва меҳмонон аввалин таассуроти худро аз роҳҳо ва ҳаракат мегиранд. Вақте садҳо мошин дар роҳ банд мемонад, он ба имиҷи Душанбе ҳамчун шаҳри муосир ва тоза таъсири манфӣ мерасонад.
Қатораи дуошёнаи Ваҳдат – Душанбе – Турсунзода
Як хонандани «Тоҷикистон» пешниҳод кардааст, ки қатораи мусофирбари дуошёна миёни Ваҳдат, Душанбе, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода бо ҷадвали доимӣ роҳандозӣ шавад. Чунин қатора метавонад ҳар ду соат як маротиба ҳаракат кунад ва ҳазорон нафарро аз истифодаи мошинҳои шахсӣ халос созад.Ин лоиҳа метавонад ба коҳиши бандшавии роҳ, сарфаи вақт ва паст шудани ифлосшавии ҳаво мусоидат кунад. Ғайр аз ин, он барои рушди иқтисодӣ ва сайёҳии водии Ҳисор низ аҳамияти калон дорад. Сайёҳон метавонанд бо қатора сайри манзараҳои табииву таърихии ин минтақаҳо кунанд.
Таҷрибаи кишварҳои дигар
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки чунин лоиҳаҳо комилан воқеӣ ва судманданд. Дар Полша, Венгрия, Олмон, Чехия ва Туркия қатораҳои шаҳрии дуошёна (suburban trains) дар масофаи то 100 км аз пойтахт фаъолият доранд. Онҳо вақти сафарро кӯтоҳ карда, иқтисоди маҳаллиро ба пойтахт мепайванданд ва гардиши тиҷоратиро зиёд мекунанд.Дар Варшава, пас аз ҷорӣ шудани қатораҳои минтақавӣ, шумораи мошинҳои воридшаванда ба шаҳр то 30 фоиз коҳиш ёфт. Дар Туркия қатораҳои “Marmaray”, ки Истанбулро бо шаҳрҳои атроф мепайванданд, ҳамарӯза ҳазорҳо мусофирро интиқол медиҳанд ва рамзи нақлиёти сабзу муосир ба шумор мераванд.
Монеаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо
Татбиқи чунин лоиҳа дар Тоҷикистон маблағи калонро талаб намекунад, вале ҳамоҳангсозии дақиқро тақозо дорад. Масъалаҳои асосӣ таҷдиди роҳҳои мавҷуда, таъмини бехатарӣ ва ташкили хизматрасонии мунтазам мебошанд. Аммо ин хароҷот дар муқоиса бо фоидаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушди минбаъда дар шаҳри Душанбе ночиз аст.Танзими чунин ҳаракат, бешубҳа, ниёз ба таҳқиқоти ҷиддӣ дорад. Соатҳои авҷи ҳаракат, теъдоди мусофирон, басомади қатораҳо ва нархи чиптаҳо бояд бо таҳлили амиқ муайян шаванд. Айни ҳол қатораҳои мавҷуда аз самти Турсунзода ба Душанбе танҳо ду маротиба дар як рӯз ҳаракат мекунанд ва асосан барои интиқоли маводи ғизоӣ истифода мешаванд. Аммо сухан дар бораи қатораи дуошёнаи мусофирбаре (шояд якошёна) меравад, ки ҳам зебо, ҳам ҷолиб ва ҳам муосир аст ва муназзам ҳар ду соат як маротиба дар масири зикршуда ҳаракат кунад.
Дидгоҳи нав барои Душанбе
Қатораи дуошёнаи “Ваҳдат – Душанбе – Турсунзода” метавонад рамзи ҳамгироии иқтисодӣ ва иҷтимоии пойтахт бо шаҳрҳои атроф гардад. Ин иқдом на танҳо роҳҳоро сабуктар мекунад, балки Душанберо ба як маркази сабзи энергетикӣ ва сайёҳӣ табдил медиҳад. Ҳар як қатора на танҳо воситаи ҳаракат, балки пули дӯстӣ ва рушди нав миёни шаҳрҳо хоҳад буд.Албатта, ҳар оғоз мушкил дорад, вале бе ибтикор ҳеҷ тағйир рух намедиҳад. Бисёр чизҳое, ки имрӯз воқеӣ шудаанд, аз ҷумла сохтмони боғҳои зебо, кӯчаҳои нав, хиёбонҳои муосир ва хонаҳои баландошёна, замоне афсона менамуданд. Бо ибтикороти раиси ҷавони шаҳр Рустами Эмомалӣ ин афсонаҳо ба воқеият табдил ёфтанд. Пас чаро афсонаи қатораи дуошёнаро низ ба ҳақиқат табдил надиҳем?
Дар ниҳоят, татбиқи чунин лоиҳа метавонад Душанбе ва тамоми водии Ҳисорро ба як минтақаи ягонаи иқтисодию иҷтимоӣ, намунаи устувори шаҳрсозии муосир ва нақлиёти сабз дар Тоҷикистон табдил диҳад.
Чӣ бояд кард?
Ин таҷрибаро метавон дар дигар минтақаҳо васеъ роҳандозӣ кард: масалан, Хуҷанд – Конибодом – Исфара, ки роҳи оҳан мавҷуд аст, вале мавриди истифода қарор намегирад.Панҷакент низ, ки фоизи калони ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба он рост меояд ва дар як гӯшаи дурдаст аз маркази ҷумҳурӣ ва вилоят қарор дорад, метавонад аз ин имконият бархӯрдор гардад. Роҳи оҳани Панҷакент – Самарқанд, ки имрӯз қариб то ҳудуди Саразм расидаву ҳамагӣ се-чор километри дигар мондааст, ки ба дохили шаҳри Панҷакент ворид гардад, метавонад симои иқтисодиву иҷтимоии тамоми минтақаи Зарафшонро дигар кунад. Ба андешаи коршиносон, ин лоиҳа на танҳо яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисодии шимолу ғарби кишвар мегардад, балки Панҷакентро ба як маркази нави тиҷорату сайёҳӣ табдил хоҳад дод.
Пайвастшавии мустақими роҳи оҳан бо маркази шаҳр имкони фавқулода барои рушди боркашонӣ, афзоиши гардиши мол ва осон шудани иртиботи тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фароҳам меорад. Аз ин роҳ метавон ҳам маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии водии Зарафшонро ба бозорҳои хориҷӣ содир кард ва ҳам ашёи заруриро ба минтақа бо арзиши пасттар ворид намуд.
Аз нигоҳи сайёҳӣ, чунин хати роҳи оҳан ҳазорон меҳмонро аз Самарқанд, Бухоро ва шаҳрҳои дигар ба тамошои Саразм – маркази тамаддуни беш аз 5500-солаи ориёӣ, Искандаркӯл – ганҷи зебои табиат ва пойтахт – шаҳри Душанбе ҷалб мекунад.
Ҳамзамон, ин хати роҳи оҳан яке аз роҳҳои асосии кишварро, ки бо ташаббуси Пешвои миллат бунёд гардидааст, аз зери фишори мошинҳои вазнини боркаш ва ангишткаш раҳо месозад. Беш аз ин, он орзуи дерини Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуровро амалӣ мегардонад. Орзуе, ки ӯ ҳанӯз соли 1948 дар мулоқот бо Иосиф Сталин баён карда буд: пайваст кардани роҳи оҳани Самарқанд тавассути Панҷакент бо Душанбе.
Таърих собит сохтааст, ки агар сохтмони роҳи оҳани Самарқанд – Панҷакент аз ҳар нигоҳ – ҳам иқтисодӣ, ҳам сиёсӣ ва ҳам иҷтимоӣ барои Тоҷикистон муҳим намебуд, соли 1924 Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва соли 1948 Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров онро ба миён намегузоштанд.
Вазорату идораҳо бояд ба ҷои гуфтани “намешавад” роҳҳои “чӣ гуна мешавад?”-ро ҷӯянд. Таърих собит кардааст, ки вақте дар Душанбе сохтани хонаҳои аз нуҳошёна баландро “хатарнок” мехонданд, ирода ва ҷасорати роҳбари ҷавони Душанбе Рустами Эмомалӣ собит сохт, ки ҳама чиз имконпазир аст.
Шариф ҲАМДАМПУР
Комментарии (0)