< Марги 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз заҳролудшавӣ дар Қазоқистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Марги 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз заҳролудшавӣ дар Қазоқистон

Марги 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз заҳролудшавӣ дар Қазоқистон
Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон бар асари заҳролудшавӣ дар Қазоқистон фавтидаанд. Нурсултон Нураҳмадов, масъули хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, рӯзи 19-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳодиса шоми панҷшанбе дар вилояти Ақмола иттифоқ афтод".

Ӯ гуфт, Эргашев Н.Ю., Эргашев У., Юлдошев М.Т. ва Абдуллоев К.К. аз 17 то 48 сол дошта, дар анбори картошкаҳои пӯсида заҳролуд шудаанд. Нураҳмадов афзуд, "мақомоти маҳаллӣ интиқоли ҷасадҳоро ба Тоҷикистон баррасӣ доранд".

Гулнора Пинчук, сухангӯи идораи пулиси Ақмола ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтааст, ин чаҳор нафар рӯзи 12-уми апрел барои фотиҳахонӣ ба манзили яке аз наздикони худ ба Қазоқистон рафта буданд.

"Табибони "Ёрии таъҷилӣ" дар бадани шаҳрвандони фавтидаи Тоҷикистон аломатҳои марги маҷбуриро ошкор накард. Бо ин ҳол, ҷасадҳоро бояд ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ кунанд", - гуфтааст ӯ.

Қазоқистон баъди Русия бозори муҳим барои муҳоҷирони кории шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Ҳар сол ҳазорҳо нафар барои кору тиҷорат ба он кишвар мераванд.

Мувофиқи маълумоти ҳамоҳангсози миллии барномаи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Қазоқистон Светлана Жасимбекова, дар 8 моҳи соли 2018 аз Тоҷикистон ба Қазоқистон беш аз 40 ҳазор нафар барои кор ба он кишвар рафтаанд.

Дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон як гурӯҳ аз шаҳрвандони кишвар ба Қазоқистон паноҳ бурда, бархеи онҳо дар онҷо муқимӣ шудаанд. Дар Қазоқистон баъзе маҳаллаҳое вуҷуд дорад, ки тоҷикон зиндагӣ мекунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий