< Ёфтани нафту газ: Русия ва Тоҷикистон рӯи лоиҳаи нав кор мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ёфтани нафту газ: Русия ва Тоҷикистон рӯи лоиҳаи нав кор мекунанд

Ёфтани нафту газ: Русия ва Тоҷикистон рӯи лоиҳаи нав кор мекунанд

Раҳбарони ду идораи геологӣ Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши сарватҳои зеризаминиро дар Душанбе имзо карданд, ки ҳамкории бештареро дар назар дорад

Русия ва Тоҷикистон дар мавриди таҳқиқоти муштараки геологӣ ба мувофиқа расиданд.

Дар ин бора дар Telegram-канали Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Русия (Роснедра) хабар нашр шудааст.

Сардори ширкати "Роснедра" Евгений Петров ва сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода барномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро барои 3 соли оянда ба имзо расониданд.

Бастани тавофуқнома миёни раҳбарони ду ниҳод дар чаҳорчӯби ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон, ки дар Душанбе баргузор шуд, сурат гирифт.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, аз Федератсияи Русияро муовини сарвазир Алексей Оверчук раҳбарӣ карданд.


Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий