< Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи хотима бахшидани муноқишаи марзиро имзо карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи хотима бахшидани муноқишаи марзиро имзо карданд

Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи хотима бахшидани муноқишаи марзиро имзо карданд

Санадро раҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон имзо кардаанд.

Музокирот барои ба эътидол овардани вазъ дар ноҳияҳои марзӣ дар гузаргоҳи Қизил-Бел сурат гирифт. 

Саймумин Ятимов ва Камчибек Ташиев "изҳори умедворӣ карданд, ки ҳама бандҳои созишномаи имзошуда амалӣ шуда, сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар марзи ду кишвар барқарор хоҳад шуд", - омадааст дар иттилоияи КДАМ Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, Ташиев гуфт, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд 3- тои посгоҳ ва 1-тои пойгоҳи марзӣ аз ҳарду ҷониб аз байн бардошта шавад, хабар медиҳад АКИpress.

Тамдик, Булак-Баши, Катта-туз, Дача аз тарафи Қирғизистон бароварда мешавад. Аз Тоҷикистон — Бедак, Кех, Кара Чикум, Шаршен.
Ба гуфтаи Ташиев, дар бораи суръат бахшидан ба кори комиссияи демаркатсия ва делимитатсия тасмим гирифта шуд.

Сарчашма: ​asiaplustj.info​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий