Палатаи Конститутсионӣ маҳрум шудани Отамбоев аз мақоми собиқ президентиро таҳқиқ мекунад

Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон ҳамоно аз иштирок дар мурофиаҳои додгоҳӣ худдорӣ мекунад ,чун бар ин назар аст, ки боздошти ва ҳабси ӯ бар хилофи қонунгузории кишвар аст
Зимнан Палатаи Конститутсионии Қирғизистон тасмими гирифтааст, масъалаи бекор шудани мақоми собиқ раисҷумҳур ва дахлнопазии Отамбоевро таҳқиқ намояд, ки то кадом андоза он дар чаҳорчӯби қонун сурат гирифт.
Бояд қайд намуд, ки палатаи мазкур чунин тасмимгириро пас аз шикояти 5 тан аз вакилони Жогурку Кенеш ва ҳамзамон намояндагони ҳизби Сотсиал-демократи ин кишвар Таалайбек Усубалиев ва Нурбек Қосимбеков ба назар гирифт.
Даъвогарон бар инанд, ки маҳрум кардани Алмосбек Отамбоев аз мақом ва дахлнопазирӣ хилофи Сарқонун ва як қатор санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 июни соли ҷорӣ парлумони Қирғизистон комиссияи махсусро ташкил намуд, ки онҳо даст доштани Отамбоевро дар содир намудани 6 ҷиноят собит карданд.
Ҳамин тавр, Додситонии олии ин кишвар дар асоси хулосаҳои баровардаи комиссия, рӯзи 27 июн Алмосбек Отамбоевро аз мақоми собиқ раисҷумҳур ва дахлнопазирӣ маҳрум намуд.
Бояд гуфт, ки Отамбоев сар аз 7 - уми августи соли равон то кунун дар боздоштгоҳи КДАМ Қирғизистон нигаҳдорӣ мешавад ва алайҳи ӯ наздики 14 парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.
Зимнан, додгоҳи Қирғизистон чандин маротиба бидуни ҳузури Отамбоев баррасии парвандаҳое, ки ба ӯ дахл доранд, баргузор намуда буд.
Отамбоев мегӯяд, дар нақше, ки барои ӯ сохтаанд, ҳаргиз бозӣ намекунад.
Комментарии (0)