< Собиқ роҳбари Хадамоти амният барои ришва ва суиистифода аз мансаб паси панҷара рафт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Собиқ роҳбари Хадамоти амният барои ришва ва суиистифода аз мансаб паси панҷара рафт

Собиқ роҳбари Хадамоти амният барои ришва ва суиистифода аз мансаб паси панҷара рафт
Дар Узбакистон собиқ роҳбари Хадамоти амниятро дар ришваситонӣ ва суиистифода аз мансаб гунаҳкор дониста ба мӯҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум намуданд

 Додгоҳи ҳарбии Узбакистон имрӯз ҳукмашро алайҳи собик роҳбари Хадамоти давлатии амнияти ин кишвар эълон дошт, хабар медиҳад котиботи Додгоҳи олии Узбакистон.

Бар хабари манбаъ, додгоҳ собиқ сардори Хадамотидавлатии амниятиро дар содир намудани ҷиноят аз қабили гирифтани ришва ва суиистифода аз мақоми давлатияш гунаҳкор ҳисобид.

"Ихтиёр Абдуллоев айбдор дониста шуд ва ба мӯҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум гардид", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Тибқи қарори Додгоҳи Олӣ, Абдуллоев  бо суиистифода намудан аз ваколати давлатияш  дар ташкили ҷомеаи ҷиноӣ, гирифтани пора, бастани аҳдҳое, ки бар хилофи манфиатҳои Узбакистонанд, тамаъҷӯӣ, тасарруфи амволи ашхоси дигар як қатор қонуншиканиҳои дигар гунаҳкор дониста мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий