Дар Қирғизистон маоши омӯзгорон 30 дарсад зиёд мешавад

Интизор меравад дар Қирғизистон сар аз 1 - уми октябр маоши муаллимон се маротиба зиёд карда шавад
Ба иттилои сомонаи 24.Kg, ҳамакнун сар аз моҳи дуюми соли хониш ҳақмузди омӯзгорони қирғиз ба андозаи 30 дарсад боло бардошта мешавад.
Ба иттилои манбаъ, омӯзгоре, ки 20 соати дарсӣ мегузаронд ва 12 ҳазор сом мегирифт, акнун музди меҳнати ӯ барои чунин соати корӣ 18 ҳазор сомро ташкил медиҳад.
Дар Қирғизистон 18 000сом муодили 257 доллари амрикоӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки маоши миёна дар Қирғизистон 15,7 ҳазор сом буда, сокинони Бишкек 19, 3 ҳазор сом ҳақмузди миёна мегиранд.
Зимнан гуфта мешавад, ки қарори боло бардоштани маоши омӯзгорон дар ин кишвар ҳанӯз аз соли 2018 ба нақша гирифта шуда буд ва танҳо имсол онро амалӣ хоҳанд намуд.
Комментарии (0)