Манифести Д.Атовулло: “Тоҷикистон ва истиқлоли он барои ман муқаддастар аз ҳама кас ва ҳама чиз аст!”
М а н и ф е с т иДодоҷони Атовулло
Ин саволро аз ман борҳо пурсидаанд, ки: «мӯҳтарам Атовуллоев! Дар кадом ҳолат шумо метавонед бо Эмомалӣ Раҳмонов сулҳ кунед ва ё ҳатто аз ӯ пуштибонӣ намоед? Ва ё ҳадафи шумо ҳамдастӣ ҳатто бо Шайтон бар зидди душман аст»?
Ҷавоби ман аз аввал (аз оғози фаъолиятҳоям) то ба имрӯз чунин буда ва дигар нашудааст: Аввалан, ман бо касе душмании шахсию хусусӣ надорам; ман мухолифи сиёсати ҳукуматам.
Ин пиндошти шумо, ки ман барои расидан ба ҳадаф метавонам бо ҳар инсу ҷинсе ёр шавам, иштибоҳ аст. Борҳо пешниҳоди ҳамкорию ҳамдастии афроди тавонмандро, ки қодир ба сарнагунии режими Тоҷикистон ҳастанд, рад кардаам. Чун медонам, ки чунин иқдоме кишвари моро табдил ба харобазор хоҳад кард.
Беҳтар аст бепарда бигӯям: Агар нерӯе пайдо шавад, ки тундрав ва тундгаро бошад ва оромишу истиқлоли кишварро таҳдид кунад, ман дар паҳлӯи Эмомалӣ Раҳмонов хоҳам буд. Тоҷикистон ва истиқлоли он барои ман болотару волотар аз худам, муқаддастар аз ҳама кас ва ҳама чиз аст.
Бинобар ин, дар ҳеч вазъият ва таҳти ҳеч шароите дар канори онҳое нахоҳам буд, ки бар тани ҳамагон худашон мехоҳанд ҷома бидӯзанд, то ҳама мисли онон бошанд ва Худой накарда, касе агар ранги дастораш чунин ё чунон набошад, пойҷомааш шакли дигаре бошад, душмани Худояш бихонанд ва фатвое ҷуз ин надоранд, ки сараш бурида бод! Қатъан бо онон нахоҳам буд.
Абадан маро дар ҷамъи касоне нахоҳед дид, ки мехоҳанд Тоҷикистонро арӯси абарқудрате ё кишвари нокому ақиме (импотенте) кунанд ва худашон аз давлати «падаре дигар» савлат кунанд.
Ба ҳар роҳ бар сари қудрат омадан, пешаи роҳзанони озманд ё афроди гумроҳ аст. Ман Додоҷони Атовулло нестам, агар чунон будам. Ман Додоҷони Атовулло нестам, агар чунин набошам.
Бале, ман иштибоҳ кардаам, хато андар хато кардаам, вале ҳеч вақт даст ба хиёнат назадаам: ҳаргиз ба худам, ба дӯстам, ба Ватанам хиёнат накардаам. Дар тӯли умрам ҳатто як бор дашна ба пушти касе назадаам; аз пушт ҳамлавар нашудаам. Ҳамвора эҳсосотам самимона ва мардона аст: ҳам нафратам ва ҳам муҳаббатам!
Ман бозигари саҳнаи сиёсат нестам. Сиёсати ман зиндагии ман аст. Зиндагии ман сиёсати ман аст! Сиёсат барои ман пешаи пок аст. Сиёсатро палидакҳо палид мекунанд.
Дасти ман олудаи хун нест. Хуни касе бар гардани ман нест. Виҷдонам орӣ аз хун аст. Саропои зиндагиномаам орӣ аз хун аст. Ба ҷуз хуни дили худам, ки зиёд хурдаам.
Пайкори ман ҳаргиз барои имрӯз ва барои мақому мансаб набудааст. Имрӯзи ман сӯхт. Мисли киштзоре, ки девору сими хордор надошт ва ҳар касу нокас поймолаш кард. Пайкори ман барои фардост.
Ман дар тӯли 25 сол дар як роҳ гом задаам, субути қадам доштаам, то исбот кунам, ки таҳи ин кавири беобу барг, дар вусъатободи ин дашти сӯзон, дар пеш чашмаи зулоле ҳаст.
25 сол аст, ки чароғи умедро дар раҳрави бодҳо ва тӯфонҳо фурӯзон нигаҳ доштаам. Гоҳ паси харсанге пинҳон шудаам, гоҳ ҳамнишини шағолсифатон шудаам, гоҳ таҳқиру дашном шунидааму ношунида гирифтаам, гоҳ қалбамро ба сукут водоштаам, аммо лаҳзае як қадам ба вопас наниҳодаам.
Фалсафаи сиёсати ман ин буд: чашма дар пеш аст ва агар ноумед нашавӣ, ба он хоҳӣ расид; агар ба талошу пайкорат идома диҳӣ, ҳамагӣ дар чашма сероб хоҳед шуд.
Боке нест, агар ман ба сари чашма нарасидам, ташналаб дар роҳ раҳидаму шаҳид гашам. Аммо чашмаро раҳнавардон ва умедворони дигар хоҳанд ёфт. Чароғро бояд фурӯзон дошт.
Муборизаи ман аз нахустин рӯз мусолиматомез будааст. Пайкори ман аз нахустин рӯз барои тағйири мусолиматомези низому сохтор ва афкор будааст. Эътирозоти бидуни хушунат ва ё нофармонии маданӣ - ин аст ойинонома ва Қонуни асосии муборизаи ман. Ҳеч пайкоре, ҳеч инқилобе арзиши як қатра хуни инсонро надорад. Ман ҳаргиз намехоҳам, ки касе аз садои тир бедор гардад.
Садои ман барои озодӣ, фарохони ман барои бедорӣ, сӯхтани ман барои сохтан буд, ҳаст ва мемонад!
Худо ба ҳамроҳ!
Д. А.
Комментарии (0)