“Ҳангомаҷӯӣ” ва “Посухи баробарсатҳ”. Вокуниши ду мансабдори тоҷик ба изҳороти баҳсбарангези Соловёв ва Дугин
Хайриддин Усмонзода, роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС) дар Тоҷикистон гуфт, ки изҳороти Владимир Соловёв ва Александр Дугин — ду мубаллиғи рус алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мавқеи расмии Русия нест ва посух ба ин изҳорот дар ҳадди баробарсатҳ дода шуд. Пештар вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон он ду изҳоротро «ҳангомаҷӯёна» гуфта буд.
Усмонзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар посух ба саволи рӯзноманигори «Азия-Плюс» иброз дошт, ки аз нигоҳи таҳлили коршиносӣ ба мавқеъи ин ё он муассиса, ташкилот ва ё доираи коршиносӣ, таълимӣ ё илмӣ бояд посухи баробарсатҳ дода шавад.
«Тоҷикистон ҳам бо пайгирӣ аз посухи усулӣ кӯшиш мекунад, ки посухҳо баробарсатҳ бошанд. Ин яке аз талаботи муҳими равобити дипломатӣ аст», — таъкид кард Усмонзода.
Вай афзуд, «мо пеш аз ҳама вобаста ба мундариҷа ва чӣ гунагии арзиши расмӣ доштани ин изҳорот, мундариҷаи изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Русияро ба инобат мегирем. Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Русия нисбати кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳусни эҳтиром ва хусусан эҳтиром ба якпорчагӣ ва мустақилияти онҳо изҳор шудааст».

Хайриддин Усмонзода
Хайриддин Усмонзода гуфт, ки тибқи посухи усулӣ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам вокуниш кард, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳам онро ҷонибдорӣ мекунад.
Роҳбари МТС инчунин иброз дошт, ки «дар саҳифаҳои ахбори омма мо ҳам дидем, ки баробарсатҳ бо ҳамин мақомҳо — яке рӯзноманигор, дигаре намояндаи илм — посухҳо рӯйи кор омаданд ва мо онро муносиб медонем».
Изҳороти мубаллиғони рус дар расонаҳои давлатӣ интишор шуд ва, ба қавли коршиносон, «тобиши мавқеи расмии Русия"-ро гирифт. Аммо дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон мо ба ин изҳорот посухеро надидем.
Дар ин робита, ин мансабдори тоҷик бо ишора ба вокуниши вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки «изҳороти мақоми ваколатдори Тоҷикистон дар кадом саҳифае, ки нашр нашавад, арзиши ягонаи расмӣ дорад».
Вазир изҳороти онҳоро «назарияҳои ҳангомаҷӯёна» номидРӯзи 6-уми феврал Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ изҳороти Александр Дугин ва Владимир Соловёвро «амбитсияҳои шахсии чеҳраҳои расонаӣ» ва «назарияҳои ҳангомаҷӯёнаи онҳо» номид.

Сироҷиддин Муҳриддин
«Мавқеи мо комилан возеҳ аст, заминаи муколамаи давлатӣ байни Душанбе ва Маскавро на амбитсияи шахсони алоҳидаи расонаӣ ва на назарияҳои ҳангомаҷӯёнаи онҳо, балки принсипҳои устувори ҳуқуқи байналмилалӣ ва маҷмӯи васеъи созишномаҳои дуҷониба, ки аз озмоиши замонии муносибатҳо гузаштаанд, ташкил медиҳад», — гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Соловёву Дугин чӣ гуфтанд?Владимир Соловёв, рӯзноманигори мубаллиғи Русия, рӯзи 10-уми январ дар барномаи «Соловьёв Live» Арманистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро «минтақаи зери нуфузи Русия» номид ва гуфт, ки аз даст додани ин кишварҳо барои Маскав «мушкили бағоят ҷиддӣ» аст.
Ӯ савол гузошт: агар барои таъмини амнияти миллӣ дар Украина «амалиёти махсуси низомӣ» оғоз шуд, пас чаро Русия ҳамин корро «дар дигар нуқтаҳои зери нуфузаш» карда наметавонад? Соловёв таъкид кард, ки ба ҳуқуқ ва низоми байналмилалӣ набояд пойбанд буд.
Баъд аз ин изҳорот, Александр Дугин, яке аз ғояпардозон ва мубаллиғони сиёсати Кремл, ки аз машваратчиёни роҳбари Русия ном бурда мешавад, гуфт, замони давлатҳои миллӣ ба охир расидааст ва ошкоро зидди соҳибихтиёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳарф зад.
«Бо мавҷудияти Арманистони мустақил, Гурҷистони мустақил, Озарбойҷони мустақил, Қазоқистони мустақил, Ӯзбекистони мустақил, Тоҷикистони мустақил ва Қирғизистони мустақил розӣ шудан мумкин нест. Дар модели нави ҷаҳонӣ ҳеҷ чиз мустақил буда наметавонад. Соҳибихтиёрӣ тамом шуд, давлатҳои миллӣ ба гузашта тааллуқ доранд», — гуфт Дугин.
Идеологи рус таъкид кард, қаламравҳое, ки зери назорати Русия нестанд, ё бояд қисми иттиҳоди Русия шаванд, ё ба пойгоҳҳои ҳарбии Ғарб, НАТО ё Чин табдил хоҳанд ёфт. Ба гуфтаи ӯ, «роҳи миёна вуҷуд надорад».
Изҳороти таҳдидомези Соловёв ва Дугин дар ҷомеаи ин давлатҳо нигаронӣ ва вокунишҳоро ба вуҷуд овард. Ҳарчанд мақомоти расмии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин таҳдидҳо вокуниши ошкор накардаанд, аммо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чеҳраҳои алоҳида чунин изҳоротро маҳкум карданд.
Коршиносони тоҷик ин суханонро, ки бидуни ризоияти Кремл ҳеҷ гоҳ аз телевизиони давлатии зери назорати комили ин ниҳод садо намедиҳад, кӯшиши нишон додани қудрат дар шароити заифии роҳбурдӣ ва заминасозӣ барои эҳтимоли дахолати оянда тафсир карданд.
Вокуниши сиёсатмадору низоъшиносу коршиноси масолили муҳоҷиратро муфассал дар ин мақолаи «Азия-Плюя» мутолиа кунед: «Намоиши қудрат дар ҳоли заъф». Изҳороти «мубаллиғони Кремл» то куҷо баёнгари нақшаи Русия ва таҳдид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аст?.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)