< Бозгашти Нозияи Кароматулло ба саҳна баъди 4 соли танаффус (Видео) » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бозгашти Нозияи Кароматулло ба саҳна баъди 4 соли танаффус (Видео)

Бозгашти Нозияи Кароматулло ба саҳна баъди 4 соли танаффус (Видео)
Овозхони ҷавони тоҷик Нозияи Кароматулло, ки баъди издивоҷаш дар соли 2014 аз саҳна дур шуда буд, чанд рӯз пеш клипи наверо ҳамроҳи бародараш Муҳаммадрафӣ нашр кард. Онҳо таронаи "Ишқи рӯҳафзо”-ро, ки дар вақташ падари зиндаёдашон Кароматуллоҳи Қурбон бо Ширинмоҳ Ниҳолова иҷро карда буд, бозхонӣ кардаанд. Ин таронаро дар байни 5 рӯз танҳо дар як канали Ютуб беш аз 300 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Қарор аст, Нозия рӯзи 29 ноябр ҳамроҳи Муҳаммадрафӣ дар консерти бахшида ба солрӯзи Кароматуллоҳи Қурбон низ ширкат кунад, вале инки пурра ба саҳна бармегардад ё на?, ҳанӯз маълум нест.
Клип ё намоҳанги таронаи "Ишқи рӯҳафзо” дар иҷрои Муҳаммадрафӣ ва Нозияи Кароматулло рӯзи 16 ноябр дар канали POSITIVE PRODUCTION дар Ютуб ва ҳамин тавр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. То имрӯз ин таронаро танҳо дар Ютуб беш аз 300 ҳазор нафар тамошо кардаанд. 
POSITIVE PRODUCTION дар муаррифиномаи ин намоҳанг навиштааст: "Инак, Муҳаммадрафии Кароматулло ва Нозияи Кароматулло барои поси хотироти неки падар, арҷгузорӣ ба ҳунари волои хунёгари беҳамто Кароматуллои Қурбон шоҳкориеро аз феҳристи таронаҳои зиндаёд ба шукуҳмандии хос, салиқаи баланд ва садои дилнишин пешкаши мардум месозанд.
"Ишқи рӯҳафзо” аз машҳуртарин таронаҳои ибтидои солҳои 90 буда, онро Кароматуллоҳи Қурбон ҳамроҳ бо Ширинмоҳ Ниҳолова иҷро карда буд.
Аксари мухлисон аз бозгашти Нозияи Кароматулло ба саҳна истиқбол кардаанд. Бисёре аз мухлисонро ҳамчунин аз имиҷи нави ӯ, ки дар ин намоҳанг бо мӯи ҷингила зоҳир шудааст, хушашон омадааст.
[media=
Муҳаммадрафии Кароматулло мегӯяд, "Ишқи рӯҳафзо”-ро ба истиқболи консерти бахшида ба солрӯзи падари зиндаёдашон, ки ҳар сол 29 ноябр доир мекунанд, омода кардаанд. Клипи ин тарона дар Искандаркӯл, яке аз мавзеъҳои зебои кӯҳистони Тоҷикистон сабт шудааст.
Муҳаммадрафии Кароматулло, ки 5 соли охир роҳбарии гуруҳи ҳунарии "Ориё”-ро бар ӯҳда дорад, мегӯяд, консерти имсола ба ёди падарашонро дар толори Филармония рӯзи 29 ноябр ҳамроҳ бо Нозия бо ҳамин таронаи "Ишқи рӯҳафзо” оғоз хоҳанд кард. Ба гуфтаи Муҳаммадрафӣ, Нозия айни замон бо модараш дар Ҳиндустон қарор дорад ва рӯзи 29-уми ноябр дар консерти Муҳаммадрафӣ иштирок хоҳад кард.  
Аммо ҳанӯз маълум нест, ки Нозия пурра ба саҳна бар мегардад ва ё бо ҳамин як клип ва ширкат дар консерти бахшида ба ёдбуди Кароматуллоҳи Қурбон дигарбора ба кунҷи узлати худ бар хоҳад гашт. Муҳаммадрафӣ гуфтааст, инро ки Нозия пурра ба саҳна бармегардад ё на?, вақт нишон хоҳад дод.
Нозияи Кароматулло 7 феврали соли 1988 дар шаҳри Душанбе дар хонаводаи овозхони машҳур Кароматуллои Қурбон ба дунё омадаастНозия ҳамагӣ чоруним сол доштки рӯзи 18 октябри соли 1992 дар ноҳияи Ёвон ҷангиёни Фронти халқӣ ба раҳбарии Восити ёвонӣ падарашро бераҳмона ҳамроҳ бо ҳамаи аъзои гурӯҳи ҳунарии ӯбо шумули як додараш куштанд.
Нозияи Кароматулло соли 2005 мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова ва соли 2010 Консерваторияи Ҳиндустонро хатм кардаастӮ тақрибан 10 сол пеш дар канори бародараш Муҳаммадрафӣ бо бозхонии як силсила аз таронаҳои мондагори падари шуҳратёрвашон ба майдони эстрадаи тоҷик омаданд ва ба зудӣ маъруфияти зиёд ба даст оварданд. "Дар интизорӣ, "Маро карда фаромӯш” ва "Нагӯ-нагӯ аз машҳуртарин таронаҳоиНозия аст, ки дар Ютуб чандин миллион тамошобин ҷамъ кардаанд.
Аммо баъди издивоҷаш дар соли 2014 Нозияи Кароматулло ба далели таваллуди паиҳами ду фарзанд аз саҳна дур шуд. Исми ҳамқадами ҳаёти ин ситораи ҷавонро ошкор намекунанд, вале моҳи декабри соли 2015 хабар омад, ки Нозияи Кароматулло соҳиби духтар шудааст ва вазни нахустфарзанди ӯ 3,2 кило ва қадаш 52 сантиметр мебошад.
Нозия ҳамин тавр, моҳи сентябри соли 2017 соҳиби писар шуд. Бародари калонии ӯ
Муҳаммадрафии Кароматулло он вақт дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи сабабҳои аз саҳна ғайб задани Нозия гуфт, хоҳараш тоза соҳиби писар ҳам шуд . "Нозия имрӯз зиндагии хушу хурсандона дорад ва ҳоло вазифаи аз ҳама асосиаш - рисолати модариро иҷро карданаз пайи тарбияи фарзандонаш аст,” – гуфта буд Муҳаммадрафӣ як сол пешдар як барнома дар радиои "Имрӯз”. "Дар интизорӣ бо 4, 5 миллион тамошобин, "Маро карда фаромӯш” бо 3,7 миллион тамошобин ва "Нагӯ-нагӯ бо 3,2 миллион тамошобин аз машҳуртарин таронаҳои ин овозхони ҷавон аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий