“Ҳамос” гуфт, омодаи оташбас аст, Исроил қабул накард ва шарти худро гузошт
«Ҳамос», гурӯҳи фаластиние, ки дар Ғазза бо артиши Исроил меҷангад, аз омодагии худ ба оташбаси фарогир хабар дод, аммо дафтари Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил онро «гашти навбатии парешонкунанда» номида, рад кард ва шартҳои худро гузошт. Дар ҳамин ҳол, Созмони миллали муттаҳид аз вазъи хатарбор ва буҳрони амиқ дар Ғазза ҳушдор додааст.
«Ҳамос» рӯзи 3-юми сентябр гуфт, омодааст созиши оташбасро имзо кунад. Ин гурӯҳ созиши фарогир — табодули ҳама гаравгонҳои исроилӣ ба асирони фаластинӣ, хотима додани ҷанг, хуруҷи нерӯҳои исроилӣ, боз кардани гузаргоҳҳо барои ироаи кӯмаки башардӯстона ва таъсиси маъмурияти мустақил дар навори Ғаззаро пешниҳод кард. Аммо дар ин пешниҳод дар бораи халъи силоҳ сухан гуфта намешавад.
Дар бораи теъдоди дақиқи асирони фаластинӣ дар зиндонҳои Исроил маълумоти тасдиқшуда нест. Исроил ҳар гуна маълумотро дар ин бора пинҳон медорад ва дар аксар ҳолат шарҳ намедиҳад, ки чанд фаластиниро ва барои чӣ боздошту зиндонӣ кардааст. Вале теъдоди асиронни исроилӣ дар ихтиёри «Ҳамос» тахминан 50 нафар гуфта мешавад.
Пешниҳоди оташбаси «Ҳамос» аз ҷониби дафтари Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил рад шуд. Димитрий Генделман, мушовири дафтари нахуствазири Исроил, гуфт, созишномае, ки намояндагони «Ҳамос» пешниҳод кардааст, «гашти навбатии парешонкунанда» аст ва ҳарфи наве надорад.
Ӯ бори дигар сухани қаблан гуфтаи Бенямин Нетаняҳуро такрор кард, ки Исроил ба созиш ва оташбас бо «Ҳамос» танҳо бо шартҳои барои кишвараш муносиб розӣ хоҳад шуд. Яъне, озодии ҳамаи асирон, халъи силоҳи «Ҳамос», минтақаи ғайринизомии навори Ғазза ва назорати амниятии Исроил бар он.
Илова бар ин, Исроил талаб дорад, ки дар Фаластин, аз ҷумла навори Ғазза маъмурияти ғайринизомӣ сари кор ояд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)