< Эрон: мушкилоти вуруди мошинҳои эронӣ ба Афғонистон бартараф шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эрон: мушкилоти вуруди мошинҳои эронӣ ба Афғонистон бартараф шуд

Эрон: мушкилоти вуруди мошинҳои эронӣ ба Афғонистон бартараф шуд
 Ба нақл аз Созмони тавсеъаи тиҷорат, ройзани собиқи Эрон дар Афғонистон бо баёни инки давлати ҷадиди ин кишвар ба таври расмӣ эълом кард, ки равобити ҳасанаи иқтисодии худро бо кишварҳои ҳамсоя ҳифз мекунад, гуфт: дар иблоғияи расмӣ таъкид шуда, ки маҳдудияте дар тараддуди мошинҳои эронӣ эҷод нашавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Муҳаммади Маҳдӣ Ҷавонмарди Қассоб, ройзани собиқи Эрон дар Афғонистон афзуд, ки дар иблоғияи расмӣ бар адами эҷоди маҳдудият дар тараддуди мошинҳои эронӣ аз сӯи Афғонистон таъкид шудааст.

Ба гуфтаи ройзани собиқи Эрон дар Афғонистон, масири транзитӣ миёни Эрону Афғонистон тибқи равиши гузашта боз будаву ҷараёни коло дар ду сӯии марзҳо барқарор аст.

Дар моҳҳои гузашта ба далели бархе таҳаввулот дар арсаи сиёсиву низомии Афғонистон тараддуд дар марзҳо бо мушкилоте мувоҷеҳ шуд, аммо акнун вазъияти марзҳо ором шудааст.




Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий