Пентагон мехоҳад дар оянда ба Афғонистон баргардад
Генерал Марк Миллӣ, фармондеҳони Ситоди муштараки артиши Амрико, ки дар нишасти амниятии Аспен суханронӣ мекард гуфт: “Дар мавриди нерӯҳои мусаллаҳ дубора вориди хоки Афғонистон шаванд? Чунин тасмимот тавасути раисҷумҳур иттихоз мешавад. Аммо ман муътақидам, ки дар ҳол ҳозир чунин чизе баид аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ин генерали амрикоӣ афзуд, ман фикр мекунам, вақте суҳбат аз як таҳдиди террористӣ мешавад, чӣ аз Афғонистон ва чӣ аз ҷойҳои дигар мавзуъ муштараки мо ин аст, ки тазмим ҳосил кунем, тавоноии контроли вазъиятро тариқи назорати иттилоотӣ дорем ва баъд ҳамларо анҷом медиҳем. Мумкин ин ҳамла аз дохил ё хориҷ аз кишвар бошад. Бар илова мо мехоҳем, ба кор кардан бо кишварҳои мизбон ва шарикҳои мухталиф идома диҳем.
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 14 апрел эълон кард, ки тасмим гирифтааст, амалиёти ҷангӣ дар Афғонистонро хотима диҳад, ки тӯлонитарин амалиёти низомӣ дар хориҷ дар таърихи Амрико ба шумор меравад.
Иёлоти Муттаҳида амалиёти ҷангӣ дар Афғонистонро моҳи октябри соли 2001 оғоз карда буд. Хуруҷи нерӯҳо дар моҳи май оғоз шуда, дар авоили моҳи сентябр анҷом ёфт. Дар авҷи амалиёти Амрико дар солҳои 2010-2013 шумори нирӯҳои ғарбӣ дар Афғонистон ба 150 ҳазор нафар гузашт. Воҳидҳои асосии ҷангии ИМА ва НАТО соли 2014 аз Афғонистон хориҷ шуданд.
Ба дунболи эъломи омодагии Амрико барои хуруҷи нирӯҳои худ, “Толибон” (гурӯҳи мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) амалиёти густурда барои тасарруфи Афғонистонро оғоз карданд.
Рӯзи 15 август Ашраф Ғанӣ фирор кард ва”Толибон” бидуни муқовимат вориди Кобул шуданд.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)