Солеҳ: “Толибон”* бояд гум шавад
Муовини нахусти раисҷумҳури пешини Афғонистон гуфта аст, ки “Толибон”* бояд гум шавад
Амруллоҳ Солеҳ, муовини нахусти раисҷумҳури пешини Афғонистон, дар як силсила твитҳо навиштааст, ки “Толибон”* бояд гум шавад ва муқовимат ниёзи миллӣ аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай дар вокуниш ба кушта шудани 13 нафар дар маҳфили арӯсӣ дар Сархроди вилояти Нангарҳор афзуд: Толибон 13 нафарро дар вулусволии Сархроди вилояти Нангарҳор барои навохтани мусиқӣ дар як маҳфили арӯсӣ куштаанд.
Солеҳ афзуд, истихбороти Покистон тайи 25 сол ба “Толибон”* таълим додааст, то афғонистониҳоро бикушанд ва онро бо як таасуби тарроҳишуда ISI ҷойгузин кунанд, то хоки моро контрол кунанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷангҷӯёни “Толибон” чанд рӯз пеш дар як тӯй дар вилояти Нангарҳор барои навохтани мусиқӣ ба сӯи мардум тирандозӣ карданд. дар натиҷа ин тирандозӣ чанд нафар кушта ва чандин нафари дигар захмӣ шуданд.
Комментарии (0)