< Таъсиси Фонди ёрии иқтисодӣ ба аҳолии Афғонистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Таъсиси Фонди ёрии иқтисодӣ ба аҳолии Афғонистон

Таъсиси Фонди ёрии иқтисодӣ ба аҳолии Афғонистон
Фонди махсуси кумаки иқтисодӣ ба аҳолии Афғонистон аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Мувофиқи маълумоти Барномаи Рушди СММ, 97% оилаҳои афғон метавонанд то нимаи 2022 зери хатти фақр қарор бигирад.Дар робита ба ин, созмон саъй дорад, ки роҳи кумак ба шаҳрвандони кишварро пайдо кунад.

"Имрӯз, БРСММ бо анъанаи шарикии бисёрсоҳавии донорҳои СММ барои Афғонистон фонди махсуси эътимодбахш таъсис медиҳад. Ин василаест, ки тавассути он дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути Созмони Милали Муттаҳид ба барномаҳои хеле мушаххас бо ҷалби муассисаҳои сершумор равона карда мешавад”, - гуфт мудири Барномаи рушди СММ Ахим Штайнер зимни баргузории брифинге.

Аввалин шуда Олмон омодагии худро барои додани 50 миллион евро ба ин фонд изҳор доштааст.

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон, ҳам зимни сафари рӯзи панҷшанбеяш ба Кобул ваъдаи 29 миллион доллар кумаки молӣ кардааст.

Масъалаи кумак ба кишвар дар ҷаласаи сеюм дар формати машваратҳои Маскав оид ба Афғонистон рӯзи 20 октябр баррасӣ шуд.

Иштирокдорони нишаст дар изҳороти ниҳоӣ аз кишварҳои НАТО, ки тайи 20 соли ахир дар Афғонистон ҳузур доштанд, даъват карданд, ки бори умдаи эҳёи ин кишварро ба дӯши худ бигиранд ва ҳамчунин ба таври оҷил конфронси донорҳоро таҳти сарпарастии СММ даъват кунанд.

Ўзбекистон Афғонистоннинг янги ҳукумати билан фаол ҳамкорлик қилмоқда, қўшниларини электр энергияси, нефт маҳсулотлари ва озиқ -овқат билан таъминлашда давом этмоқда. Бундан ташқари, Термиз чегарасида логистика маркази ташкил этилди.

Дар авоили моҳи август ҷонибдорони "Толибон"* амалиёти худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш доданд.

Онҳо 15 август вориди Кобул шуданд бидуни ҷанг Кобулро гирифтанд ва худи ҳамон рӯз аз анҷоми ҷанг хабар доданд.

Сипас, давоми ду ҳафта шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд, ба таври оммавӣ аз фурудгоҳи Кобул интиқол дода шуданд.

Ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон дар авоили моҳи сентябр эълон шуда буд.

Онро Муҳаммад Ҳасан Охунд сарварӣ мекунад, ки дар замони ҳукмронии аввали "Толибон"* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.

Ҳамакнун беш аз ду моҳ аст, ки "Толибон" (созмони терростӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст) қудратро дар даст доранд, фақр рӯз ба рӯз дар ин кишвар бештар мешавад, иқтисод сукут мекунад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.

* - ҳаракатитеррористӣ, ки дар Русия ва як қатор кишварҳои дигар мамнӯъ аст

Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий