< СММ: барои дифоъ аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон хоҳем монд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

СММ: барои дифоъ аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон хоҳем монд

СММ: барои дифоъ аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон хоҳем монд
Антонио Гутерриш ахиран дар твиттераш навиштааст, ки Созмони Милал дар Афғонистон барои пешбурд ва дифоъ аз ҳуқуқи занону духтарон фаъол боқӣ хоҳад монд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

"Мо то он даме ки духтарон натавонанд ба макотиб бозгарданд ва занон ба вазоифи худ бираванд ва дар зиндагии умумии мушорикат кунанд мутавақиф нахоҳем шуд",- навиштааст ӯ.

Зиёда аз як мох аст, ки духтароне, ки аз синфи шаш боло таҳсил мекунанд ба мактаб намераванд; Дар ҳоле ки мактабҳои писарон бидуни маҳдудият боз ҳастанд. Албатта, духтарони синфҳои болоӣ низ барои таҳсил дар тақрибан шаш вилоят иҷозат дода шудаанд.

Ҳамчунин, пас аз он ки “Толибон” (мамнӯъ дар Русия) назоратро ба даст худ гирифтанд, занонро дигар ба кор дар идораҳои давлатӣ даъват накардаанд.

Толибон гуфтаанд, ки занону духтарони то фароҳам шудани амният наметавонанд ба мактаб раванд. Аммо дар бархе аз вилоятҳо гуфта мешавад, ки ба ҳама духтарон иҷозаи мактаб рафтан дода шудааст.

Занон борҳо алайҳи ин вазъ ва барои расидан ба ҳуқуқҳои худ эътироз карда буданд.

Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий