< Талаби занони Афғонистон аз СММ: ба “Толибон”* курси надиҳед » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Талаби занони Афғонистон аз СММ: ба “Толибон”* курси надиҳед

Талаби занони Афғонистон аз СММ: ба “Толибон”* курси надиҳед
Шуморе аз занони фаъол дар сиёсати Афғонистон аз СММ хостанд, ки дар ин Созмон ба “Толибон”* курси дода нашавад

Фавзия Куфӣ, Ноҳид Фарид, Асилаҳ Вардак ва Аниса Шаҳид бо ҳузур дар Созмони Милал аз ин Созмон хостанд, то курсии Афғонистон ба “Толибон”* дода нашавад.

"Созмони Милали Муттаҳид бояд курсии Афғонистонро ба шахсе диҳад, ки ба ҳуқуқи ҳама эҳтиром дошта бошад", - гуфт Фаузия Кофӣ, раҳбари Ҳизби мавҷу таҳаввул.

"Мо дар ин бора бисёр гуфтугӯ кардем, аммо нагузоред, ки касе ба ин курси нишинад", - гуфт хонум Куфӣ ба хабарнигорон.

Вай афзуд, ки кумак, пул ва эътироф ҳама абзорҳои таъсирбахше ҳастанд, ки ҷаҳон бояд барои эҳтироми ҳуқуқи занон ва эҳтироми ҳуқуқи башар дар Афғонистон истифода баранд.


Ноҳид Фарид, узви собиқи Маҷлиси Намояндагон гуфт: "Вақте “Толибон”* ба сари қудрат омаданд, онҳо ваъда доданд, ки ба занон иҷозаи кор ва таҳсил медиҳанд, аммо онҳо ба ваъдаи худ то ҳол вафо накардаанд".

* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон

Комментарии (0)

Оставить комментарий