Лавров мушкилоти ҳукумати нави Афғонистонро номбар кард
Раҳбари Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, мушкилоти дохилии Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя таҳдид мекунад
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар маросими ифтитоҳи даври навбатии машваратҳо оид ба Афғонистон "дар формати Маскав" вазъи кунунии Афғонистонро шарҳ дод.
"Таносуби нави қувваҳо дар Афғонистон, ки пас аз 15 август таъсис ёфтааст, алтернативаи ояндаи наздикро надорад. Аз ҷониби дигар эътирофи расмии он дар арсаи байналмилалӣ, мушкилот дар бахши иқтисод, таҳдидҳои гуманитарӣ, ки имрӯз Кобул рӯ ба рӯст, аз он дарак медиҳад, ки вазъи кунунии кишвар муътадил нест", тавзеҳ дод сиёсатмадор.
Лавров қайд кард, ки созмонҳои террористӣ метавонанд аз ин вазъият истифода баранд.
Вай афзуд, ки мушкилоти тавлиди маводи мухаддир низ аз масзуъи рӯз аст.
"Имрӯз хатари воқеии гузаштани фаъолияти террористӣ ва маводи мухаддир ба қаламрави кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба сифати муҳоҷир вуҷуд дорад", - гуфт Лавров.
Дар ин замина Русия хусусан аз самти Осиёи Марказӣ нигарон аст.
Лавров афзуд, ки дар ин замина бояд ҳам дар дохили кишвар ва ҳам аз ҷониби дигар давлатҳо ҳалли саривақтӣ таҳия карда шавад.
Комментарии (0)