Эрон ба Афғонистон кумак фиристоду захмиёни инфиҷор дар масҷиди шиаҳоро барои табобат бурд
Ирсоли кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон ҳамоно идома дорад. Чанде пеш ҳукумати Эрон барои дастгири аз мардуми азияткашидаи Афғонистон кумакҳои гуманитарӣ фиристод. Дар ин бора сафорати ҶИЭ дар Афғонистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Ба шаҳри Қандаҳон ҳудуди 25 тонна кумакҳо ворид гардиданд, ки аз маводи ғизоӣ ва маҳсулоти тиббӣ иборат ҳастанд.
Илова бар ин, Эрон теъдоде аз захмиёни инфиҷорри ахир дар масҷиди шиаёни шаҳри мазкурро барои табобат бурд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15 октябр, дар масҷиди шиаёни шаҳри Қандаҳор чор интиҳорӣ худро инфиҷор доданд, ки дар пайи он 33 нафар куштаву 80 тан захмӣ шуданд.
Аз ин пеш, рӯзи 7 октябр дар масҷиди шиаёни маҳаллаи Сайидободи шаҳри Қундуз низ як интиҳорӣ худро инфиҷор дода, ҳудуди 50 танро кушт ва 130 нафари дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Масъулияти ин ҳамлаҳоро ДОИШ* ба зимма гирифт.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)