< Лавров: "Толибон"*-ро ба ташкили ҳукумати фарогир ташвиқ мекунем » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Лавров: "Толибон"*-ро ба ташкили ҳукумати фарогир ташвиқ мекунем

Лавров: "Толибон"*-ро ба ташкили ҳукумати фарогир ташвиқ мекунем
Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки Маскав аз "Толибон"* даъват мекунад, ки дар Афғонистон ҳукумати фарогирро таъсис диҳанд.

Ӯ аз ҷумла гуфтааст, ки "мо онҳоро (Толибонро) ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ ҳангоми ба қудрат расидан ташвиқ мекунем, аз ҷумла таъсиси ҳукумати фарогир".

"Ҳукумати нави Афғонистон на танҳо ба қавмият, балки ба эътиқоди сиёсӣ низ такя мекунад ва аз ҳама аҳзоб ва доираи васеи эътиқод дар кишвар намояндагӣ мекунад", - тавзеҳ додааст Лавров.


Вазорати умури хориҷии Русия бо нашри як изҳорот гуфт, дар машвари Маскав оид ба вазъи Афғонистон дурнамои вазъи низомӣ ва сиёсӣ ва ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ва талошҳои байналмилалӣ барои пешгирӣ аз бӯҳрони башарӣ дар ин кишварро баррасӣ хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати музокироти Маскав дар соли 2017 барои кумак ба ҳалли вазъ дар Афғонистон ва бар асоси механизми машваратҳои шашҷонибаи намояндагони махсуси Русия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва Афғонистон таъсис дода шуд.

* гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия




Сарчашма:​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий