Ӯзбекистон дар нишасти Маскав дар бораи Афғонистон ширкат мекунад: Тоҷикистон чӣ
Дар Маскав нишасти навбатӣ оид ба Афғонистон бо ширкати "Толибон"* баргузор мешавад. Ин нишаст рӯзи 20 октябр дар шаҳри Маскав баргузор гардида, Ӯзбекистонро Исматулло Иргашев намояндаи махсуси ин кишвар дар умури Афғонистон муаррифӣ мекунад.
Дар ин бора ба Sputnik сухангӯи ВУХ Ӯзбекистон, Юсуп Кобулҷонов хабар дод.
Қарор аст дар ин чорабинӣ намояндагони 10 кишвари минтақа ва ҳамчунин ҳайати баландпояи Ҳаракати "Толибон"*, ки Афғонистонро намояндагӣ мекунанд, ширкат варзанд.
Гуфта мешавад, дар ин нишаст дурнамои рушди вазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон ва ташкили ҳукумати фарогир баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин масъалаҳои кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон низ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор хоҳад гирифт.
*созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)