Толибон хавфи ҳамлаи террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистонро арзёбӣ карданд
Аъзоёни гурӯҳи "Толибон"*, ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардаанд, ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла карданӣ нестанд. Дар ин бора дар сӯҳбат бо "Lenta.ru" намояндаи ҷангҷӯён Забиуллоҳ Муҷоҳид гуфтааст.
Ба гуфтаи ӯ, "Толибон"* намегузоранд, ки гурӯҳҳои террористӣ ба амнияти давлатҳои дигар аз Афғонистон таҳдид кунанд.
"Мо ба гурӯҳҳо ё афрод иҷоза намедиҳем, ки аз қаламрави Афғонистон бар зидди ягон кишвари дигар истифода кунанд", - гуфт Муҷоҳид.
Вай афзуд, ки намояндагони ҷунбиш ба ин масъала ҷиддӣ муносибат мекунанд ва ният доранд, ки ҳама гуна фаъолияти террористиро саркӯб кунанд.
Ҳамзамон Муҷоҳид мушаххас накард, ки "Толибон"* бар зидди гурӯҳҳои роҳзан чӣ гуна усулҳоро истифода хоҳанд бурд. Илова бар ин, ӯ масъалаи имкони манъи фаъолияти "Ал-Қоида"* -ро дар Афғонистон нодида гирифт.
Ёдовар мешавем, ки пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* ҳамлаҳои террористӣ дар марказҳои динӣ, ки аъзои "Давлати исломӣ" дар ҷумҳурӣ ташкил мекарданд бештар ба мушоҳида мерасид.
Толибон борҳо изҳор доштаанд, ки ба фаъолияти ДИИШ дар Афғонистон иҷозат намедиҳанд. Онҳо ахиран шикори террористонро эълон карданд ва чанд узви ин гурӯҳро эъдом низ карданд.
Қаблан генерали амрикоӣ Марк Милли гуфта буд, ки "Толибон"* равобитро бо "Ал-Қоида"* қатъ накардаанд. Дар ин бора ноиби президенти пешини Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ низ гуфта буд.
Вай таъкид кард, ки "Ал-Қоида"* ва нерӯҳои мусаллаҳи Покистон аз "Толибон"* дар ишғоли вилояти Панҷшер пуштибонӣ мекунанд.
* - созмонҳои террористӣ, ки дар Федератсияи Россия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)