< Номи роҳбари ҳайати "Толибон"* дар Маскав маълум шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Номи роҳбари ҳайати "Толибон"* дар Маскав маълум шуд

Номи роҳбари ҳайати "Толибон"* дар Маскав маълум шуд
Абдусалом Ҳанафӣ, ноиби раиси ҳукумати "Толибон"* дар садри як ҳайати ин созмони мамнӯъ дар ҳамоиши Маскав дар мавзӯи Афғонистон иштирок хоҳад кард, хабар дод шабакаи телевизионии Tolo News.

Иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Афғонистон, Амирхон Муттақӣ, қаблан таъйид намуд, ки ҳайати "Толибон"* барои музокирот бо мақомдорони баландпояи Русия озими Маскав мегарданд.

Инаммуло Самангонӣ, узви комиссияи "Толибон"* дар умури фарҳанг низ изҳор доштааст, ки ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон, иштирок дар ҳамоиши Маскавро чун имкони роҳандозии иртиботи расмӣ бо кишварҳои дигар медонанд.

"Ҳайати баландпояи Афғонистон таҳти роҳбарии ноиби сарвазир, Абдусалом Ҳанафӣ дар Маскав бо намояндагони кишварҳои гуногун масоили гуногуни марбут ба Афғонистонро баррасӣ мекунанд", - изҳор дошт Самангонӣ.

Мулоқоти Маскав дар мавзӯи Афғонистон 20 октябр дар назар аст.

Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон гуфт, Маскав нияти пешниҳоди эродҳояш ба "Толибон"* ва баррасии роҳҳои ҳалли онро дорад.

Дипломат таъкид намуд, ки Маскав аз ин мулоқот натиҷаҳои куллиеро интизор надорад.

"Ин як раванди тӯлонист ва мо инро дарк мекунем. Ин ҷо масъалаи ҳуқуқи башар ва масоили гуманитарию роҳҳои ҳалли он дар миён гузошта хоҳанд шуд", - таъкид намуд Кобулов.

Феълан ИМА иштирокашро дар Маскав таъйид накардааст.

* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий