Тошкант ва "Толибон"* дар Тирмиз сохтмони хати барқ ва роҳи оҳанро баррасӣ мекунанд
Тошканд ва Кобул барои гузаронидани музокироти муштарак дар Тирмизи Ӯзбакистон, ки ҳаммарз бо Афғонистон аст, ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад, хадамоти матбуоти Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон
Тавофуқ дар бораи ин мулоқот рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни сафари кории раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба пойтахти Афғонистон ҳосил шудааст.
Комилов дар ин сафар бо раҳбарияти Афғонистон таҳти сарварии муовини сардори ҳукумати муваққатӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ Мулло Абдул Кабир мулоқот кард.
Дар ин мулоқот ҳамзамон муовини сарвазир оид ба масъалаҳои иқтисодӣ А. Ҳанафӣ, вазирони нақлиёт ва авиатсияи шаҳрвандӣ, корҳои ҷамъиятӣ, энергетика ва захираҳои оби Афғонистон иштирок доштанд.
Дидори алоҳидаи Комилов ҳамзамон бо Вазири корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон"* Мавлавӣ Амирхон Муттақӣ сурат гирифтааст.
Бино ба иттилоъи вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон, мавзӯи музокироти оянда дар Тирмиз масоили тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла иҷрои тарҳҳои сохтмони хатҳои барқ ва роҳи оҳан хоҳад буд.
"Ҷонибҳо дар бораи гузаронидани музокироти муштарак дар Тирмез дар бораи масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли Сурхон-Пули-Хумрӣ ва роҳи оҳани Мазори Шариф-Кобул - Пешовар ба созиш расиданд", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Ҳамзамон ҷониби Афғонистон омодагии худро барои таъмини амнияти мутахассисони узбак, ки дар татбиқи ин лоиҳаҳо ҷалб шудаанд, изҳор дошааст.
Ҷониби "Толибон"* аз кумакҳои президенти Ӯзбекистон изҳори таашккур карда, хостаанд, ки барои бозкушоии суратҳисобҳои Афғонистон дар хориҷ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кунад.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)