< Маскав ба "Толибон"* ваъдаҳои додаашонро хотиррасон кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Маскав ба "Толибон"* ваъдаҳои додаашонро хотиррасон кард

Маскав ба "Толибон"* ваъдаҳои додаашонро хотиррасон кард
 Вазорати умури хориҷии Русия вазъи ноороми Кобулро шарҳ дод.

Тавре сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ Мария Захарова дар нишасти матбуотие гуфт, Маскав амали террористии гурӯҳи ДИИШ * -ро дар даромадгоҳи масҷид дар маркази пойтахти Афғонистон маҳкум мекунад.

Захарова хотиррасон кард, ки раҳбарияти "Толибон"* итминон доданд, ки аз қаламрави Афғонистон ба кишварҳои сеюм таҳдид ба амният вуҷуд нахоҳад дошт.

"Мо зарурати идомаи талошҳоро барои решакан кардани терроризм дар Афғонистон қайд мекунем", - гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Вай аз номи ниҳоди дипломатӣ ва кишвар ҳамчунин ба хонаводаҳои қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард ва ба захмиён шифои ҳарчи зудтар орзу кард.

Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи террористӣ якшанбеи гузашта дар даромадгоҳи масҷиди Идгоҳи пойтахт рух дод.
Дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ, тибқи маълумоти пешакӣ, 19 ғайринизомӣ кушта шуда, зиёда аз 30 нафар маҷрӯҳ шуданд. Таркиш дар байни издиҳом дар маросими видоъ бо модари сухангӯи "Толибон"* Забиуллоҳ Муҷоҳид рух дод.

* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.

Сарчашма:Sputnik.com



Комментарии (0)

Оставить комментарий