Вазири Покистон мегӯяд, "Толибон"* ба Афғонистон суботи нисбӣ оварданд
Вазири умури хориҷии Покистон мегӯяд, пас аз гирифтани қудрат аз сӯи "Толибон"* суботи нисбӣ дар Афғонистон таъмин шудааст
Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон мегӯяд, бо тасаллути қудрат аз сӯи "Толибон"* феълан нишоне аз ҷанг нест.
"Бо хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ ва истиқрори "Толибон"* дар Афғонистон, субот дар ин кишвар барқарор шуда ва нишонаҳое аз ҷанг нест", - иқтибос овардааст Sputnik Афғонистон аз суҳбати Қурайшӣ бо нашрияи "Ню-Йорк Таймс".
Вазири умури хориҷӣ ҳамчунин ҳушдор додааст, ки буҳрони инсонӣ ва иқтисодӣ дар Афғонистон ҳамчунон таҳдиди воқеӣ аст.
Изҳороти ин мақоми покистонӣ дар ҳолест, ки ахиран дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор инфиҷорҳое рух доданд, ки даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузоштанд. Масъулияти ҳамлаҳоро гуруҳи террористии "ДОИШ"* ба уҳда гирифтааст.
Таъкид мешавад, ки пас аз омадани "Толибон"* ба қудрат дар Афғонистон тайи беш аз як моҳи охир фақр, бекорӣ, гуруснагӣ ва оворагӣ афзоиш ёфт.
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломиро ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил, бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Комментарии (0)