< Вазири маорифи Толибон: Дипломи магистриву докторӣ дигар арзиш надоранд, толибон диплом надоранд, аммо аз ҳама болотаранд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вазири маорифи Толибон: Дипломи магистриву докторӣ дигар арзиш надоранд, толибон диплом надоранд, аммо аз ҳама болотаранд

Вазири маорифи Толибон: Дипломи магистриву докторӣ дигар арзиш надоранд, толибон диплом надоранд, аммо аз ҳама болотаранд
Шайх Мавлавӣ Нуруллоҳ Мунир вазири маорифи Толибон, имрӯз дар як ҷаласа дар Афғонистон гуфтааст, ки дар ҳукумати толибон диплому дараҷаи магистериву докторӣ дигар арзише надорад.

Ӯ гуфтааст, ки толибон ин дипломҳоро надоранд, вале аз ҳама болотаранд.

Ин изҳори назари вазири тозамуаррифишудаи Толибон, ки дар Твитер ва шабакаҳои дигари маҷозӣ нашр шудааст, ҷанҷолбарангез шуда ва корбарони зиёде онро аб истеҳзо кашидаанд. 

Дар ин навори видеоӣ, ки бо забонӣ пашту аст, Шайх Мавлавӣ Нуруллоҳ Мунир дар мавриди сиёсатҳои омӯзишӣ ва мақотеъи коршиносии аршад ва дуктуро дар ҳукумати Толибон суҳбат мекунад.

Толибон дирӯз ҳукумати сарпарасти худро дар Кобул эълон карданд, ки наздик ба 33 чеҳраи он муаррифӣ шуд. 

То кунун ҳеч кишвари дунё расман ин ҳукуматро ба расмият нашинохтааст. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий