< Путин: маълум нест, ки вазъи Афғонистон ба амнияти минтақа чӣ гуна таъсир мерасонад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Путин: маълум нест, ки вазъи Афғонистон ба амнияти минтақа чӣ гуна таъсир мерасонад

Путин: маълум нест, ки вазъи Афғонистон ба амнияти минтақа чӣ гуна таъсир мерасонад
Владимир Путин бар ин назар аст, ки буҳрони Афғонистон натиҷаи бевоситаи сиёсати бемасъулиятона буд, ки натиҷаҳои онро бояд тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бартараф кунад

Хуруҷи амрикоиҳо аз кишвар боиси буҳрони нав шуд ва маълум нест, ки ин ба амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ чӣ гуна таъсир мерасонад, гуфт президенти Русия Владимир Путин дар нишасти БРИКС.

"Хуруҷи Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш аз Афғонистон боиси буҳрони нав шуд ва маълум нест, ки ин ба амнияти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ чӣ таъсир хоҳад гузошт", - гуфт раҳбари Русия.

Ба қавли Путин, бунбасти Афғонистон натиҷаи бевоситаи сиёсати бемасъулиятона аст, ки натиҷаҳои он тамоми ҷомеаи ҷаҳониро халалдор мекунад.

Ба гуфти кишвардори Русия, комилан одилона аст, ки кишварҳои иттиҳод (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ) ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.

Миёнаҳои моҳи август ҷангҷӯёни ҷунбиши радикалии Толибон* (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) Кобулро забт карданд.

Ашраф Ғанӣ ҷумҳуриро тарк кард. Ва ду рӯз пеш, раҳбарияти Толибон* ҳайати ҳукумати муваққатиро эълон кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий