< Назди сафорати ИМА дар Бишкек паноҳандаҳои Афғонистон боз ба гирдиҳамойӣ пардохтанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Назди сафорати ИМА дар Бишкек паноҳандаҳои Афғонистон боз ба гирдиҳамойӣ пардохтанд

Назди сафорати ИМА дар Бишкек паноҳандаҳои Афғонистон боз ба гирдиҳамойӣ пардохтанд
Назди сафорати ИМА дар пойтахти Қирғизистон - Бишкек имрӯз, 20 август гирдиҳамойии паноҳандагон аз Афғонистон идома ёфт.

“Ба мо кумак лозим аст!”, - фарёд мезананд онҳо бо парчамҳои амрикоиву канадагӣ дар даст, хабар медиҳад АКИпресс.

Онҳо ба талаби иҷозаи рафтанашон ба ИМА, Канада ё кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, инчунин додани ҳуҷҷатҳои дахлдор идома медиҳанд.


“Мо 20 сол инҷониб дар Қирғизистон зиндагӣ мекунем, миннатпазирем. Барои мо муҳим аст, ки хоҳ Аврупову ИМА ва хоҳ Қирғизистону дигар давлатҳо бошад, мо бояд шиноснома ва ҳуҷаттҳои дахлдор дошта бошем”, - мегӯянд онҳо.

Ба ҳамин монанд гирдиҳамойи дирӯз, 19 август доир гардида буд. Баъди чанд соат ҷамъомадагон пароканда шуданд, чунки ба онҳо хабар доданд, ки барои баргузории чунин чорабинӣ иҷозаи шаҳрдории Бишкек лозим аст.

Доир ба ҷиҳати имрӯз иҷоза доштани ҷамъомадагон ба баргузории гирдиҳамойи маълумот дода намешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий