Жээнбеков аз аҳамияти аламатгузории марз бо Тоҷикистон гуфт

Дирӯз дар Қирғизистон президент Сооронбой Жээнбеков бо муовини сарвазири кишвар Акрам Мадумаров нишасти онлайнӣ анҷом дод
Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аз аҳамияти муайянкунӣ ва аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар шароити пандемияи коронаврус гуфт.
Бино бар иттилои расонаҳои кишвар, дирӯз дар Қирғизистон президент Сооронбой Жээнбеков бо муовини сарвазири кишвар Акрам Мадумаров нишасти онлайнӣ анҷом дод."Меъёрҳои таъмини амнияти марзи кишвар дар шароити пандемияи коронавирус ва рушди ҳамкориҳои марзӣ, ҳамчунин масоили рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Бодканд баррасӣ гардиданд", - гуфта мешавад дар иттилои дафтари матбуоти роҳбари давлат.
Қайд гардид, ки бо мақсади пешгирии ҳамагуна қазия дар марзи давлатӣ мақомоти маҳаллӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Хабар дода мешавад, ки ба наздикӣ муовинони сарвазири ду ҷониб - Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот хоҳанд кард.
Ҳамчунин, роҳбари кишвар аз зарурати кӯмаки ҳаматарафа дар рушди вилояти Бодканд гуфт, ки аҳолиаш дар шароити машкил ба сар мебаранд.
Комментарии (0)