Бо амри раисҷумҳури Қазоқистон муҳасилини мактаб ба таътили фаврӣ фиристода шуданд

Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим - Жомарт Токаев ба хотири ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии маризии коронавирус, толибилмони макотибро ба таътилӣ фаврӣ фиристод
Бо амри раисҷумҳури Қазоқистон Қосим - Жомарт Токиев тадобири ҷилавгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус шаддидтар шудааст.
Ба иттилои Sputnik Қазоқистон, феълан макотибҳои ҷумҳурӣ ба таътили фавhӣ гузаштанд. Ҳамзамон баргузории ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ низ дар Қазоқистон муваққатан манъ карда шуданд.
Зимнан, бо супориши Вазорати беҳдошти ин кишвар, тамоми муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ, нақлиётҳои ҷамъиятӣ бо маҳлули зидди вирусӣ пайваста шуста мешаванд.
Ҳамзамон, сар аз 16 - уми март донишҷӯёни коллеҷҳо ва донишгоҳҳо бо дарназардошти имконоти техникӣ ба омӯзиши фосилавӣ мегузаранд.
Қобили зикр аст, ки дар Қазоқистон низ ба мисли Тоҷикистон ягона ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт нагардидааст. Вале ҳукумати ҳар ду кишвар ба хотири ҷилавгирӣ аз роҳ наёфтани ин маризӣ аз тадобирҳои гуноггун сари кор мегиранд.
Ба фарзи мисол дар Тоҷикистон дари масоҷид ба рӯи намозгузорон баста ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили "маршировка" манъ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан сардухтури беморхонаи сироятӣ дар Қазоқистон зимни нишасти матбуотӣ аз эҳтимолияти расидани маризии коронавирус ба кишвар дар ҳафтаи равон хабар дод.
Бекшин дар ҷамъи хабарнигорон санаи зуҳури ин маризӣ дар Қазоқистонро эълом кард. Ба иттилои ӯ, тахминан аз 11 то 16 - уми март, маризии коронавирус ба Қазоқистон мерасад.
Дар ин робита Вазорати беҳдоштро лозим аст, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии маризӣ чораҳои махсусро роҳандозӣ намояд.
Комментарии (0)