< Эрон коронавирусро силоҳи биологии Амрико арзёбӣ кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эрон коронавирусро силоҳи биологии Амрико арзёбӣ кард

Эрон коронавирусро силоҳи биологии Амрико арзёбӣ кард
Дар Эрон алъон 3,5 ҳазор дардманди маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Зимнан 105 нафар аз мубталоёни ин беморӣ ҷон бохтанд

Вируси короно метавонад яроқи биологии Амрико бошад, хабар медиҳад ISNA бо истинод ба фармондеҳи Сипоҳи посдорони исломии Эрон Ҳусейн Саломӣ.

"Мо алъон дар рӯбарӯи вирусе қарор дорем, ки Амрико чун яроқи биологӣ онро нахуст дар Чин ва сипас дар Эрону чанд кишвари дигар  паҳн кардааст", - изҳор доштааст Саломӣ.

Саломӣ мегӯяд, агар дар паҳншавии ин маризӣ дасти Амрико олуда аст, пас шаҳрвандони ин кишварро низ хатар думболагир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл раисҷумҳури Эрон Ҳасани Руҳонӣ иттилоъ дод, ки маризии сироятии коронавирус қариб тамоми манотиқҳои ин кишварро фаро гирифтааст.

Бар тибқи охирин маълумот, маризии коронавирус то 5 - уми марти соли равон шаҳрвандони 76 кишвари ҷаҳонро сироят намудаст.Беш аз 95, 1  ҳазор нафар дар ҷаҳон дардманди ин беморӣ гаштанд. Зимнан, ҳудуди 3,2 ҳазор нафар бар асари мублатошавӣ қурбон шуданд.

Аз лиҳози шумори бештари мубталоёни ин маризӣ, Чину Эрон ва Италия ҳамоно пешсаф ҳастанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий